Неъмат Файзӣ, ки беш аз 60 сол умр дорад, аз соли 1979, баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол ДМТ) солҳои зиёде ба толибилмони деҳаи Қалъаи Дўсти ноҳияи Деваштич дарс медиҳад. Дар нахустин китоби ў се ҳикоя, таронаҳо ва пораҳо аз хотирот гирд оварда шудаанд, ки аз истеъдоди то ҳол кашфшудаи муаллиф дарак медиҳанд.
Неъмат Файзӣ (Файзиев Неъмат Сангинович) 10.10.1956 дар деҳаи Қалъаи Дўсти ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омадааст.
Соли 1973 мактаби миёнаи № 12 ва соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол ДМТ) хатм намуд.
Аз соли 1980 то ҳоло муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби деҳа мебошад.
Хабару мақола, ҳикояҳояш аз соли 1980 инҷониб дар рўзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд.
Соҳиби 6 фарзанд ва 20 набера мебошад.
Хонандагони гиромӣ, китоби «Шикори охирин» ро шумо метавонед аз толори шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас ва мутолиа намоед.
Фирўза Раҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.