“Афсонаҳои мардуми Паря” чӣ китобест?
Нашр шуд 2019-02-19 12:33
Забон ва фолклори халқияти Паря шасту ду сол пеш аз ин (1954) аз ҷониби донишманди барҷастаи эроншинос Иосиф Михайлович Оранский ба аҳли илм муаррифӣ шуда буд. Пажуҳишҳои Оранский бахшида ба ҷабҳаҳои мардумшиносӣ, забоншиносӣ ва намунаҳои фолклории халқияти Паря дар солҳои шастум ва ҳафтодуми қарни гузашта дар шакли мақолаҳои илмӣ ва ду монография ба чоп расидаанд.
Агарчи аз чопи монографияи охирини Оранский (Фольклор и язык гиссарских парья (Средняя Азия). Введение, тексты, словарь.- М.: Наука главная редакция восточной литературы, 1977), қариб чил сол пур мешавад, аммо арзиш ва аҳамияти илмии ин асар барои забоншиносии ҳинду ориёӣ, шевашиносӣ ва фолклоршиносӣ куҳна нашудааст. Новобаста аз ин барои мушаххас намудани ҳолатҳои забонӣ ва азнавомўзии вазъи кунунии суннатҳои мардумӣ гирдоварии маводҳои нав хело муҳим мебошад. Мураттибони маҷмўаи «Афсонаҳои мардуми Паря» маҳз дар ин самт саҳм гирифтан хостаанд.
Забони паря ба забонҳои роҷастонӣ (Роҷастон-бузургтарин вилояти Ҳиндустон, аниқтараш дар қисмати шимолу ғарбии Ҳинд ҷойгир аст), синдӣ (забони таърихии вилояти Синд ва мардумони Синди Покистон ва бахше аз Ҳинд) ва панҷобии нимҷазари Ҳиндустон (забони панҷобӣ як забони ҳиндуаврупоӣ аст, ки мардуми панҷобӣ дар Ҳинд, Покистон в абештар сикҳои пароканда дар дунё бо он сухан мегӯянд) наздикӣ дошта, ба оилаи забонҳои ҳинду ориёӣ мутааллиқ аст. Ба ақидаи муҳаққиқон забони паря шояд аслан шеваи марварии забони панҷобӣ ё шеваи лағмонии пошоии Афғонистон бошад. Аммо то имрўз мақоми забони паря дар забоншиносӣ аниқ нашудааст. Забони паря хат надорад ва гӯишварони он вобаста ба ҷуғрофиёи зисташон бо забонҳои дигар (узбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, дарӣ) гуфтугў мекунанд.
Дар Чумҳурии Тоҷикистон мардуми паря дар минтақаи Ҳисору ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунанд.
Китоби “Афсонаҳои мардуми Паря бо талоши Зита Меррит, зери назари профессор Сахидод Раҳматуллозода соли 2016 дар нашриёти “Эр-Граф” чоп шудааст. ба он профессор Дилоро Искандарова ва номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов тақриз навиштаанд.
Барои мутолиаи китоби «Афсонаҳои мардуми Паря», шумо метавонед ба шуъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муроҷиат намоед. Бо ба даст гирифтани ин китоб шумо метавонед чандин афсонаи хуберо, ки қаблан нахондаву нашунида будед, бихонед.
Шаҳноза Дониярова,
сармутахассиси шуъбаи
кўдакон ва наврасон.