Бузургонро бузургон зинда медоранд...Устод Лоҳутӣ дар бораи устод Айнӣ

Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чўбҳо ва шиканҷаҳое устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашонро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рўзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам.    Чунон, ки худи устод шаҳр дода, ба сабабҳои бисёре, ки китоб бе ҳеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини манбаъҳои адабиёти тоҷикист.

Садриддин Айнӣ

Ман бо ин ном аз дере ошно будам. Тасаввури ин исм бафаврият як шахсро ба назари ман меовард, ки оғози ҷавонӣ дар як муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда, бародари фозили худро шаҳид дода. Он вақт ҳайкали мубораки вай дар пеши чашм ҷилвагар мешуд: бемор, низор, занҷир дар гардан ва кунда бар по, дар зери тозиёна ва чўби фаррошони амири Бухоро, аз гардан то камар гўшти пушташ рехта, ба тавре, ки ҳама устухонҳояш намоаён аст.

          Рўзгор ба ин тарзи шиносоии нодида гузашт. Як тасодуфи дигар шавқу ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард, орзуи маро барои зираташ оташинтар намуд: дидани осори адабии ў.

         Пас аз хондани осори адабии Айнӣ ба он ширинӣ аз хотирам гузашт, ки амири Бухоро на танҳо золиму мустабид, балки бисёр гўсолаву безавқ ҳам буда.

         Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили мўҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи  худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин («Намунаи адабиёти тоҷик») буд.

         Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чўбҳо ва шиканҷаҳое устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашонро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рўзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам.

        Чунон, ки худи устод шаҳр дода, ба сабабҳои бисёре, ки китоб бе ҳеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини манбаъҳои адабиёти тоҷикист.

        Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоиронаи тоҷик басо рўзҳо, ки дар ба дару кўча ба кўча рафта, то  онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда.

          Адабиёти имрўзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надидаву обёрӣ нашуда ва мўҳтоҷи ороишу пероиши бисёрест.

       Ман яқин дорам, ки устоди мўҳтарам дар миёни ҷавонони наврасу самими  тоҷик тўдаҳои адабӣ ташкил додаву барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳое муҳкаме устувор хоҳанд кард.

         Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳими адабиёти форсӣ буда, балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин забон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сўзонидани осору китобҳои форсӣ Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.

           Он рўз дар зулму фишори араб рўдакиҳо дар Осиёи Миёна паҳлавонӣ кардаву адабиёти мурдаро зинда намуданд.

          Муқтазиёти ин давра – давраи адолати шўравӣ ва озодии миллат  аз устодони адаб ва нависандагони маъруфи форсӣ – фитратҳо, мунзимҳо, зеҳниҳо ва айниҳову амсоли онон барои тараққӣ додани адабиёти ин забони таърихӣ беш аз инҳо талаб мекунад.

Майи соли 1926 , Масква. Лоҳутӣ.

Бознашр аз китоби устод Садриддин Айнӣ

“Намунаи адабиёти тоҷик”, Душанбе, 210.

Рӯнависии Сайрон Сафарова,

мутахассиси пешбари кӯдакон ва наврасон.