Маърифати оиладорӣ

 Шояд шумо дар бораи маърифати оиладорӣ ҳанўз маълумоти заруриро надоред. Бояд донед, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа бунёди оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила ба тарзи ҳаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат менамояд. Ва агар мехоҳед  маълумоте бештаре дар ин замина дарёфт кунед, пас мутолиаи китоби “Маърифати оиладорӣ” аз манфиат холӣ нест.

 Мақсади фанни маърифати оиладорӣ ба масъалаҳои муҳими зиндагӣ, никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани низоми оиладорӣ дар шуури наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Ғояи асосии китоби дарсии мазкурро масъалаҳои муҳимми ҳаёти оилавӣ, ба роҳ мондани омодагии психологии ҷавонон ба бунё два пойдории оила, муҳайё намудани фазои солиму ором дар оила, пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва нигоҳдории арзишҳои оилавӣ ташкил медиҳад. Зарурати таълими фанни мазкур тайёр намудани ҷавонон ба ҳайёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ, дар оянда дуруст тарбия намудани кўдакон ва нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик мебошад. 

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Соли оила» эълон карда шудааст. Ҳадафи асосии чунин иқдоми неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон баланд бардошта шавад ва дар ин замина ҷавононро пеш аз издивоҷ ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои оиладорӣ омода намуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиғи ин оилаҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ аз падар ё модар маҳрум нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеъаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.

 Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳими оила ва мактаб мебошад. Омўзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад.  

 Оила гурўҳи хурди ҷамъиятии одамон аст, ки дар асоси иттифоқи  озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқи байни марду зан бо мақсади тавлид ва тарбияи фарзанд ташкил ёфта, бо никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва аъзои онро ҳамхунию хешутаборӣ, пешбурди хоҷагидории умумӣ, буҷети ягона, муҳити умумииҷтимоӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқию ҳуқуқии баробар пайванд менамояд. 

 Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар дар нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст. Таълими маърифати оиладорӣ хонандагонро ба мафҳуми оила, мавқеъ ва вазифаҳои он дар ҷаъият, никоҳ, ташкили оила, танзими муносибатҳои оилавӣ шинос намуда, барои омода гардидани ҷавонон ба ҳаёти мустақили оиладорӣ мусоидат менамояд.

Китоб бо ин суханони Пешвои миллат оғоз мешавад: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

   Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили  асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд”.

Китоби “Маърифати оиладорӣ” аз ҷониби мутахассисон Х. Раҳимзода, Ш. Ёрмухаммадзода, Л. Лазирова, Н. Амонов таҳия шуда, онро Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон тавсия кардааст.

Китобро барои мутолиа шумо метавонед аз шуъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  дастрас намоед.  

   Таҳияи Шаҳноза ДОНИЁРОВА,

 сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон