Дунёи рангоранг

Хуб аст агар китобҳо барои бачаҳо бо тақризҳо чоп шаванд. Чанд маврид мо тақризи адибонро ба китоби ҳамқаламонашон интишор дода будем ва ин иқдом аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта шуд. Ҳоло ҳамкорамон Фирӯза Аҳророва аз ҳафтаномаи “Адибёт ва санъат матлаби навиштаи Нозук Алиеваро дар бораи ҳикояҳои Акобир Шарифӣ-адиби хушзавқи бачагон китобат кардааст, ки фикр мекунем мақбули хонандагон мешавад.

 Фаъолияти Акобир Шарифӣ серсоҳа аст. Ў барои дар дили хурдсолон парваридани ҳиссиёти наҷиби инсонӣ ва дар рўҳи ғояҳои олии эстетикӣ тарбия кардани онҳо роҳҳои гуногуни тасвирро ҷуста, гоҳе ба назм, гоҳе ба наср, гоҳе ба тарҷума ва гоҳе ба навиштани пьесаҳо рў овардааст. Маҷмўаи шеъру ҳикояҳои Акобир Шарифӣ аксаран барои бачагони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ навишта шудаанд. Мехостем ин ҷо оиди маҷмўаи «Суруди сулҳ»-и Акобир Шарифӣ чанд фикру мулоҳизаҳои худро баён кунем. Шеъру ҳикояҳои ин маҷмўа ба бачагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ пешкаш шудаанд. Шеърҳои шоир дар қалби хурдсолон меҳри замини аҷдодӣ, муҳаббат ба Ватан, меҳри инсониро мепарваранд, наврасонро ба ахлоқи ҳамида, ба зиракию ҳушьёрӣ ҳидоят мекунанд. Акобир Шарифӣ дар навиштани ҳикояҳои бачагона дастовардҳои бештаре дорад. Ў дар иншои шеър бештар қувва озмудааст. Вале Пўлод Толис ба истеъдоди ҳикоянависии ў бештар бовар намуда, бо хондани ҳикояи аввалинаш «Саъва» тақвият додани ҳамин соҳаи фаъолияташро маслиҳат додааст.

Ҳикояҳои ў, асосан, воқеа ва ҳодисаҳои реалии ҳаёти рўзмарраи бачагонро дар бар дорад. Хонанда ҳикояҳои Акобир Шарифиро бо шавқу рағбати том мехонад, зеро ҳодиса ва воқеаҳои тасвирёфта аз мушоҳидаҳои амиқи хислату характери кўдак ба тасвир омадаанд. Кўдак дар рафти мутолиаи ҳикоя рўйдодҳоро дар пеши чашм мебинад, овозҳоро мешунавад, образи худ, бародар, ё рафиқашро дар симои қаҳрамонони ҳикояҳо дарьёфта, завқ мебарад, шодӣ мекунад, андеша меронад, хулосаҳо мебарорад. Аз ҷумла, ҳодисаҳое, ки бо Анварҷон дар ҳикояи «Амаки милиса» руй додаст, дорои мазмуни ҳаётӣ буда, хислат, рўҳия ва гуфтору амалиёти бачагони хурдсолро аёнӣ ва реалӣ пеши назар меорад. Хусусан, маҳорати нависанда дар баёни ҳаҷвӣ ва ҳазломез падидор омадааст. Яке аз сабабҳои мақбули бачагон будани ҳикояҳои ў низ дар ҳамин аст. Беҳуда нест, ки соли 1977 силсилаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ҳазломези ў «Кори имрўзаро ба фардо магузор»-ро нашриёти «Детская литература» ба забони русӣ аз чоп баровард ва ин маҷмўа аз тарафи Сергей Баруздин баҳои хуб гирифт.

Тарзи ҳазломези тасвир ба шоир ҳанўз аз ҳикояҳои аввалинаш «Саъва» муяссар шудааст. Пеш аз ҳама, аз тарафи муаллиф ба назар гирифта шудани майлу рағбати бачагон ба ҳайвонот ҳикояро мақбули хурдсолон мегардонад. Сониян, аз забони саъва дилсўзона ва эҳтиёткорона ифшо шудани норасиҳои хислати Муҳайё – (бе сабаб гирья кардан, бе таъкид дасту руй нашустан, додарчаашро озор додан) хонандаро ба парҳез намудан аз ин норасиҳо раҳнамун месозад.

Ҳаҷви А.Шарифӣ ҳаҷви нарм аст. Ин худ шаҳодати бохабар будани ў аз табиати бача ва аз хусусиятҳои хоси адабиёти бачагон аст, ки ҳаҷви ба иззати нафси бача расандаро намепарварад. Вай дар ҳикояҳои «Худкардаро даво не», «Шодӣ касал», «Болои сўхта намакоб», «Мусобиқа», «Қасос», «Акнун табат баланд шуд», «Ман зўр» силсилаи образҳои бачаҳои якрав, худписанд, бадхон ва маҷораҷўйро офарид. Аксарияти ҳикояҳои А. Шарифӣ аз номи шахси якум гуфта шудаанд ва аз муҳокимарониҳои онҳо берун аз ихтиёрашон ба вуқўъ мепайванданд.                 

  Онҳо оқибати заровари гуфтору рафторҳои худро мефаҳманд, пушаймон мешаванд, ба андеша меафтанд, ки ин худ шаҳодати ислоҳшавии онҳост. Яке аз хусусиятҳои муҳими ҳикояҳои А.Шарифӣ дар он аст, ки онҳо аз панди урьён орианд. Панд аз тасвироти адиб бармеояд ва ба дилу дидаи бача менишинад ва беихтиёр бе ягон таъкиди иловагӣ ин ё он зарбулмасали халқиро ба лавҳи хотир меоварад. Аз ҷумла, ҳикояҳои «Мусобиқа», «Қасос» зарбулмасали «Чоҳкан зери чоҳ»-ро хотирнишон мегардонанд.

 Аз ҷумла, қаҳрамони шеъри «Қасос» аз рафиқаш қасос гирифтанӣ шуда, ба ҷои нишасти ў ширеш мерезад. Аммо ҳодиса чунин сурат мегирад, ки худаш ба рўи ширеш мешинад ва боиси тамасхури рафиқаш мегардад.

Нависанда аз зарбумасал ва мақолаҳои халқӣ бомавқеъ истифода бурдааст. Чунончӣ номи якчанд ҳикояҳои ўро «Кори имрўзаро ба фардо магузор»… «Худкардаро даво не…» , «Болои сўхта намакоб») зарбумасал ва мақолаҳои халқӣ ташкил додаанд. Муаллиф аз истифодаи ин зарбулмасалҳо мақсади муайян дорад. Аввалан, ў хостааст, ки бо ин васила моҳияти ин ё он зарбулмасал ва мақолро бо мисолҳои конкретии ҳаётӣ бачагон фаҳмонад. Аз тарафи дигар, бо истифодаи онҳо таъсири тарбиявии ҳаҷвашро тақвият диҳад. Хусусан, ҳикояи «Кори имрўзаро ба фардо магузор» аз якчанд ҷиҳат ҷолиб аст. Муаллиф дар ин ҳикоя образи бачаи зираку кунҷкоби имрўзаро офаридааст, ки ба ҳодиса ва рўйдодҳои атроф , аз ҷумла ба рафтори калонсолон низ ба назари танқидӣ менигарад. Яъне дар ин ҳикоя тири ҳаҷви муаллиф ба ду сўй нигаронида шудааст. Аввалан, ба бачагони шўху якраве, ки маслиҳати волидонро ба инобат нагирифта, ба ногувориҳо дучор мегарданд, сониян, ба калонсолон – муаллимону волидон, ки дар иҷрои қавлу ваъда бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба бачагон намунаи ибрат гашта наметавонанд. Ғайр аз ин муаллиф дар ҳикоя аз номи бача ба номунтазамии кори нашриёт, ки хонандагонро сари вақт бо китобҳои дарсӣ таъмин намегардонанд, эрод гирифта, бо ин восита образи бачаи зираку ҳушьёри имрўзаро мукаммалтар гардонидааст.

  Эҷодиёти Акобир Шарифӣ рангин аст, хонандагон солҳо боз шеъру достонҳои ўро мутолиа мекунанд. Вале адиб маҳз тавассути ҳикояҳои зарофатноку гуворояш мақбули хонандагон аст ва онҳоро дар рўҳи ахлоқи ҳамида тарбия менамояд.

                                                            Нозук Алиева

  Манбаъ:  «Адабиёт ва санъат» соли 1988,  4 феврал.  

Таҳияи Фирўза Аҳророва, ҷонишини сардори Шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ

  

Ин матлабро ҳам метавонед мутолиа кунед: АКОБИР  ШАРИФӢ