«Мунтахаби осор»-и нависанда Сайдаҳмади Зардон баргузидаи асарҳоест, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд. Бахусус дар ин миён романи «Сарзамини меҳр» ҷойгоҳи вежа дорад, ки он муҷази романи сегонаи «Вахш» мебошад. Романи мазкур аслан бозгўи эҳсосоти қалбии мусофирони кории тоҷик аст. Қаҳрамони марказии асар Аҳмад Ҳабибзода зимни озмудани ранҷҳои зиндагӣ, бахусус муҳоҷират, маьнавият ва ахлоқи волои миллиро ҳифз намуда, бо хислатҳои нек дар муҳити худ таьсир мегузорад.
Ин санавишти фарзандони баору номуси тоҷик аст, ки пайванди маьнавию табиӣ ба ватани аждодиро барои хеш муҳимтарин ва арзишмандтарин сармояи зиндагиву инсонӣ медонанд. Умуман асарҳои «Мунтахаби осор»-и нависанда қимати хоси бадеӣ дошта, мутолиаи онҳо ба хонандаи хуштабъ дарси мардонагӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ медиҳанд.
Ин китобро ҳоло шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.
Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кудакон ва наврасон