Китоби «Харгўши сайёд» аз асарҳои адиби бузурги мисалнависи рус И.А.Крилов мураттиб шуда, ки онҳоро шоир ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат бо тоҷикӣ гардонидааст. Дар хусуси зарурати шоири ин китоб метавон гуфт, ки бо масалҳои пурҳикмату хирадмандонаи ин шоир наслҳои зиёде тарбият гирифтаанд ва мутолиаи онҳо ба тарбия ва рушду камоли одамон, махсусан ҷавонону наврасон дар рўзҳои мо низ мусоидат хоҳад кард.
Тарҷумаи масалҳо аз нашри И.А.Крилов, Басни Нашриёти «Художественная литература», Москва, 1966 сурат гирифтааст.
Донишманди тоҷик, марҳум Ҳамроқул Шодиқулов дар сарсухани китоб менависад: Маҷмуаи масалҳои бузургтарин маслнависи рус Иван Андреевич Крилов «Харгўшаки сайёд” низ маҳсули ҳамин гуна як фидокории тарҷумон ва шоири шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат мебошад.
Чоп шуда баромадани ин китобро танҳо чун далели эҳёи нави тарҷумаи бадеии тоҷикӣ ҳисобидан кам аст. Ин нашр аҳамияти калони сиёсӣ, тарбиявӣ ва амалии эҷодиро дорост.
Пеш аз ҳама ва дар навбати аввал шоистаи тазаккур ин аст, ки Тоҷикистону Русия чун ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоии худро, ки таърихи бисёрасра ва ибратомўзе дорад, дар шароитҳои нави истиқлолияти воқеӣ аз роҳи нав созмон медиҳанд. Худи ҳамин воқеа дар ҳама соҳа ва дар ҷодаи адабиёти бадеӣ низ, сатҳи нави муносибат, дараҷаи имрўзии муовизаро тақозо мекунад. Дигар чунон ки воқеъ мешуд, тарҷума ва интихоби асар барои тарҷума мувофиқи рўйхати боло сурат нахоҳад гирифт, балки корҳое аз ин роҳ ба сомон расонида хоҳанд шуд, ки ба дардҳои имрўзаи маънавиёт даво шуда метавонанд.
Иқдоми шоири шинохта ва тарҷумони варзида Ҳикмат Раҳмат аз ин хотир асосҳои ҷиддӣ доранд. Итминони комили ман дар ин аст, ки интихоби масалҳои И.А.Крилов барои тарҷума бо талаби замон ва амри дили тарҷумон сурат гирифтааст.
Ба чанд ваҷҳи дигар низ нашри ин китоб аҳамияти калон дорад.
Аввалин «Харгўшаки сайёд» мукаммалтарин маҷмуаи масалҳои шоир ва драматурги барҷастаи рус И.А.Крилов ба забони тоҷикӣ буда, дар он 49 масали ин адиб дар тарҷумаи як нафар эҷодкори тоҷик, яъне Ҳикмат Раҳмат ҷо дода шудааст.
Сониян, китоб маҳсули ҷустуҷўйҳо ва заҳматҳои беш аз бистсолаи шоири тарҷумони тоҷик аз роҳи баргардониши масалҳои И.А.Крилов аст.
Ва ниҳоят, тарҷумаҳои Ҳ. Раҳмат «маъракавӣ» нестанд ва дар замини омўзишҳои муттасили И.А.Крилов, маҳсулиятҳои масалнигории вай сабзида, ба як дарахти сершоху бар табдил ёфтаанд.
Хонандагони гиромӣ Шумо метавонед ин китобро аз толори шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас намоед.
Таҳияи мутахасиси Шуъбаи кўдакон ва наврасон
Фирўза Раҳимова.