Мусаннифи навоҳои дилрабо

 

  Сарнавишт ба ў сард нигарист. Дар кўдакӣ аз падару модар ятим, монда, ба сағирахонаи ноҳияи Кангурт афтод. Бо зиракию  ҳушёрӣ  ва гапгирию  хушкорӣ барин хислатҳои некаш дар диди муаллимону муррабиён роҳ ёфт. Дар сағирхона сураткашӣ меомўхт, чангу рубоб чангу рубоб менавохт ва суруд мехонд. Овози хушу завқи  санъатдўстии ин бачаяк буд, ки ўро ба дастпарвариии Хонаи кўдакони лаёқатманди шаҳри  Душанбе муносиб донистанд.

   Ба ин тариқ дар зиндагӣ ояндаи бачаи ҳунарҷў Миратулло Атоевро интихоб ва муайян кардаанд. Баъди хатми мактаб ва омўзишгоҳи мусиқии Душанбе ба консерваторияи Тошкант ба номи Мухтор Ашрафӣ дохил шуд.Дар ин боргоҳи ҳунар таҳти роҳбарии профессор Георгий Мушел фазилати касб меандўхт ва асрори илми мусиқӣ меомўхт. Дар сари мушкилоти ба ҳам омехтани шеъру басе шабҳоро рўз мекард. Нахўстин таълифоти ў «Концерт барои ғиҷҷак». «Соната барои форто пиано», «Сюнта барои оркестри торӣ», чанд пйеса барои асбоби мусиқӣ, романсҳо ва таронаҳояш дар даргоҳи ҳамин консерватория ба дунё омада, аз фардои дурахшони муаллифи худ башорат медоданд.

  Ҷустуҷўи роҳи шахсии эҷодӣ кори саҳл набуд. Аз байн солҳо мегузашту оҳангҳои меҳру муҳаббати ин ҷавони хушқобилият дар дили аҳли завқ бештар маскан мегирифт. Алҳақ, мусиқии соддаву самими ў таровату ҷозибаи ба худаш хос дорад. Бечиз нест, ки барои намоишномаи театрҳо муттасил оҳангсозӣ мекунад. Сомеони серталаб ин оҳангҳоро бо тобу ҷиллои миллиашон писандидаанд.

  Суруд яке аз жанрҳои оммавию мақбул ва пешоҳанги мусиқӣ буда, дар эҷодиёти ҳар як оҳансоз мақоми махсус дорад. Мусиқии хуб, чунон ки аломаҳои санъат гуфтаанд, дар дили инсон шарора афрўхта, одамиро бо ҷодаи умед ҳидоят мекунад. Бесабаб нест, кимасъала инкишофи маълумоти мусиқӣ дар истеҳсолоти нави мактаб таҳрири тозае ёфта, нисбати он талаботи бештаре гузошта шудааст.

    Дар маҷмуаи «Чамани орзу» як силсила сурудҳои баргузидаи  оҳангсози боистедоди тоҷик Миратулло Атоев дар мавзўҳои мухталиф гирд омадаанд. Дар ин таронаҳо қудрату дасти дили инсони офаридагор ва манзараҳои нотакрори табиати диёри мо тараннум шудаанд. Дар кули ин офаридаҳо беҳтарин анъанаҳои оҳангсозони республикаҳои бародар дар иншои суруд чун риштаи сурх ҷилва менамояд.

   Аз  эҷодиёти Атоев, пеш аз ҳама, мавзўи мубориза барои сулҳу амонӣ ва ба муқобили ҷанг хеле назаррас аст. Муаллиф аз аввалин қадамҳои эҷодӣ ба ин мавзўи муҳим таваҷҷўҳ мефармуд. Сурудҳои «Офтоби инқилоб», «Шаҳидони  абадзинда» (шеърҳои Бозор Собир), «Комсомол» (шеъри Саидалӣ Маъмур), «Бахтномаи мо» (шеъри М.Ҳайдаршо), «Мо ҷавононем» (шеъри Ҷ. Каримзода) ва «Урдуи зафарпеша» (шеъри С. Султон ) нишонаи садоқати оҳангсоз ба ин ғояи наҷиби  умумибашарӣ мебошанд. Қаҳрамони суруди «Шаҳидони абадзинда» ба рўи онҳое, ки барои бахту саодати насли имрўза ҷон нисор кардаанд, чунин хитоб дорад :

Ҳар замон ман аз ту ҳасрат мебарам,

                                Бо ҳама ин зиндагии хештан.

                               Ман зи номи зиндаат дарёфтам :

                               Мурдаҳои зинда дорад мулки ман ,

                               Зиндагӣ бар фарқи ҳамсолони ту

                               Барфи пириро парешон мекунад.

                               Зиндагиро зиндагонӣ, бегумон,

                                Дар таги ин барф пинҳон мекунад.

   Миратулло Атоев вассофи зебоиҳои табиати Тоҷикистон аст. Дар «Таронаи рўд» (шеъри М. Турсунзода ) , «Душанбе» ( шеъри Гулназар Келдӣ ), «Диёрам»  (шеъри Саидали Маъмур ), «Кишвари беканор» (шеъри Ҳабибулло Файзулло ), «То баҳорон» шеъри Камол Насрулло) барин сурудҳои ў меҳру ихлоси хосе дар васфи зебоиҳои кўҳистон ва табиати афсонавор дилкушои он эҳсос мешавад. Дар ин суруҳо ҳусни табиат ва инсон бо ҳам омехта, обуранги тозае касб кардааст. Аз ҳамин нигоҳ хоса «Таронаи  рўд» ҷолиби таваҷҷўҳ буда, дар он ихтилоти шеъри хубу оҳанги марғуб бештар дида мешавад:

                                  Рўди кўҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман,

                                  Ҷўр созӣ нафасатро ба садои дили манн.

                                   Шўр дар сина ниҳон, рақскунон мегузарӣ,

                                   Огаҳ ҳастӣ магар аз дарду давои дили манн ?

                                   Ту ҳамон чашм, ки ҷўшидаву фавора шудӣ,

                                   Ашки шафофтарини ҷигари хорпа шудӣ.

                                   Чашма дар кўҳ будӣ, ҷўй шудӣ, рўд шудӣ,

                                   Нури чашмони манну дидаи наззора шудӣ.

   Таронаҳои доир ба суннату анъанаҳои мардуми мо «Наврўз» (шеъри Боқӣ Раҳимзода), «Гули муҳаббат» (шеъри Гулчеҳра ) , «Чамани орзу», «Бовар мекунам» (шеъри Қутбӣ Киром), «Дар сари чашма» (шеъри Гулрухсор Сафиева), «Шукуфа» ва «Сайри гул» (шеъри Алӣ Бобоҷон) ва як қатор дигар сурудҳои лирикию ватанпарварӣ, ки аз сарчашмаи илҳом болу пар гирифта, ба дили мухлисони оҳангсоз нишастаанд, ба дилбохтагони навоҳои тоҷикӣ завқ мебахшанд.

  Тирамоҳи соли 1988 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ноим устод Рўдакӣ шаби эҷодии Миратулло Атоев (ба шарафи 50 – солагии зодрўзаш) баргузор гардид. Оҳангсозону омўзгорон, мухлисону ҳаводорон, ҳамкорону шогирдон ва дўстону ҳаммаслакон соҳибҷашнро табрик гуфта, ба ў комёбиҳои нави эҷодӣ мехостанд. Пас аз ин шабнишинӣ аз оҳангсози дақиқназар Ҷўрабой Охунов пурсидам, ки дар бораи ҳампешаи худ чанд сухан бигўяд.

   – Ман Миратуллоро дер боз мешиносам, –изҳор кард ў. –Вай чоряк аср ин ҷониб ба корӣ эҷодӣ ва педагогӣ машғул аст. Таҷрибаи  ғании кор ҷамъиятӣ низ ба нафъи ўст. Солҳои сол мудири мактаби махсус ва омўзишгоҳи мусиқи буд. Ҳоло муовини раиси Ҷамъияти мусиқии Тоҷикистон аст. Ҳам барои калонсолон, ҳам барои хурдсолон асар меофарад. Ў муаллифи пьесаҳои мусиқӣ барои фортопеано «Корвон», «Деҳаи ман», «Лолоӣ», сарахбор, маршҳо ва як силсила оҳангҳои рақсии базми буда, ба офаридани асарҳои калонҳаҷми  симфонию  хорӣ ва оркстрӣ пайваста машғул аст. Мехостам як ҷиҳати ҷозиби эҷодиёти ўро махсус қайд кунам: ў яке аз суруднависони лирик буда, дар офариниши таронаҳои  дилчаспу оммафаҳми тоҷикӣ ҳиссаи худро гузоштааст. Мардуми мо ўро, чун донишманди санъат, кайҳо эътироф кардаанд. Бисёр сурудҳояш берун аз ҳудуди Ватани мо низ ҳаводорони худро дорад…

  Оре, офарандагони олами зебоӣ ба асарҳои Миратулло Атоев, ки бо жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ алоқаманд аст, баҳои муносиб медиҳанд. Оҳангҳои ў табиати миллӣ, пурмаъно ва пурэҳсосанд. Лиризми дилнишини сурудҳояш ба руҳи замон мувофиқати қавӣ дорад.

  Иншои асарҳои хурди мусиқӣ аз қабили суруд шояд аз ҷиҳати моддӣ барои эҷодкорон каммоя бошад, вале набояд фаромўш кард, ки ба ояндаи аҳли санъат маҳз дар мактабҳои мусиқӣ, ба шарофати дастурҳои адвор (нота) замина гузошта мешавад. Аз ин боб қимату арзиши ингуна китоб беҳисоб аст.

   Ин сатрҳо аз сарсухан ба китоби “Чамани орзу”-и Миратулло Атоев иқтибос шуданд, ки соли 1990 чоп шуда буд. Миратулло Атоев баъди чоп ин китоб боз ҳамагӣ чаҳор соли дигар ҳаёт дид ва соли 1994 “миқрози аҷал таноби умраш бибурид”. Замоне реҳлат кард, ки ҳамаи 54 сол дошт ва даҳҳову шояд садҳо сурудҳои нонавишта рахт аз ин олам барбаст. 

  “Чамани орзу” маҷмуъаи таронаҳои ӯст, ки солҳои гуногун эҷод кардааст ва хонандагони азиз онро метавонанд аз толори шўъбаи кўдакон ва наврасон дастрас ва мутолиа намоянд.   

Таҳияи Фирўза   Раҳимова,

 мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон