Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-02-14 09:45
Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи нек Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил кард ва ба хонандагони наврасе, ки он лаҳзаҳо дар толори хониш ҳузур доштанд, китоб туҳфа намуд. Шояд чорумин сол аст, ки ин шуъба ба хонандагонаш дар ин рӯз китоб ҳадя мекунад ва бо ин ташфиқ менамояд, ки дар соле рӯзе ҳаст, ки инсонҳо ба инсонҳо бояд на чизи дигар, балки китоб туҳфа кунанд. Аммо ҳадяи китоб баъди баргузории маҳфили “Дастони моҳир” баргузор шуд ва мавзӯъи ин маҳфил ҳам ба ҳамин рӯз ихтисос дошт.
Пеш аз оғози маҳфил муаллима ба хонандагон дар боари Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб маълумот дод. Вай аз ҷумла гуфт:
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои ҷону роҳати дил
Ҳарчи дилҳои туст, аз ў ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки на ранҷа диҳад, на ранҷонид.
Миллати тоҷик аз шумораи он миллатҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва этиқоди хоса дорад ва нахустин аз халқҳои аҳли китоб ва аҳли мутолеа ба шумор меравад ва ин ҳақиқат, ҳақиқати бебаҳси таърихист. Ёдгориҳои хаттии зиёде боқӣ монда, ки ҳикоят аз китобу китобдорӣ дар қаламрави тоҷикнишини олам мекунад. Мо миллате ҳастем, ки аз қадим ба китоб ва мутолиа рағбати беандоза доштем. Аз он давра ёдгориҳои хаттие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст. Махсусан замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ замимаҳои мусоид фароҳам овард.
Мегўянд, китоб оинаи шафофтарин аст, фақат гуноҳро намегўяд ва илмро туҳфа менамояд.
Дар рўзи ҳадяи китоб мо метавонем ба фарзандону наздикони худ, ба боғчаю мактабҳо ва бахусус ба мактаб-интернатҳо китоб ҳадя карда, ба китобхонию донишомўзӣ ҷалби хонандаро дар сатҳи баланд бардорем. Зеро китоб ин як ганҷи бебаҳост, китоб аст, ки инсон дониши худро, зеҳни худро сайқал медиҳад.
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасон хонандагони ҳамарўзаи фаъолро барои ҳавасманд ва ҷалби онҳоро қавитару мустаҳкам гардонидан аз тарафи кормандони шуъба дар рўзи ҳадяи китоб, яъне рўзи 14-феврал, ҳаргуна адабиётҳои бачагонаро туҳфа намуда, бигузор дар хотироти онҳо як тасаввуроте монад, ки ҳаргиз фаромуш нахоҳанд кард.
Сипас, хонандагон дар бораи китоб шеърҳои ҷолиб қироат намуданд ва баъдан муаллима ба онҳо чи тавр дар рўйи коғаз тасвир намудани китобро нишон дод.
Дар поёни маҳфил ба ширкаткунандагони он китобҳои бачагона ҳадя шуд.
Шаҳноза Дониярова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ