Маҳфили «Дастони моҳир: Бум дар тасаввури кӯдакон

Бум чӣ парандаест? Суоле буд, ки дар маҳфили навбатии  «Дастони моҳир» аз ширкаткунандагон пурсида шуд. Ва посухҳо гуногун буданд. Маълум гардид, ки на ҳама дар бораи ин парандаи аҷоиб маълумоти кофӣ доранд. Ба мураббӣ зарур омад дар бораи он аввал қисса кунад ва сипас аз иштирокдорон бихоҳад, ки расми ин парандаро аз диди хуб рӯи коғаз оранд ва ё бисозанд.

Пас чӣ парандаест бум? Бум паррандаест сохибчанголи шабпар. Дарозии баданаш 62-72 см, боли кушодааш 150-180 см дарозии болаш 41-52 см, вазнаш 2,1-3,5 кг. Ҷуфти бум доимӣ аст. Буми модина аз нарина калонтар буда, ҳар ду якранганд. Бумҳо дар маҳалҳои гуногун бо ранг ва ҷуссаашон фарқ мекунанд. Тахтапушти буми калон ало буда, рахҳои сиёҳи кўндаланг ё дарозрўя дорад; шикамаш зарди сурхча (рахҳои борики тира дорад), гардан ва қафаси синааш сафеди хол-хол. Параш нарм, ҳангоми парвоз садо намедиҳад. Гўшаш калони сиёҳ, холҳои зард дорад. Пояш ҳам бо пар пўшида шудааст.

Чангол ва минқораш сахти шоҳрангу сиёҳ. Чашмаш калон, сурхчатоби норанҷ. Ранги бумҳои хурд нисбатан парида ва тира мебошад. Аъзои босира ва сомеаи бум хуб инкишоф ёфтааст. Бумҳоро қариб дар ҳама ҷо – ҷангал, дашт, биёбон, ҳамворӣ ва кўҳҳо дидан мумкин. Маслан дар Тёншон дар баландии 3000 метр, Тибет дар баландии 4700 метр дидаанд.

Дар Тоҷикистон парандаи муқимӣ аст ва дар ҷангалу вайронаҳо, тарқиши байни харсангҳо ва ғайра лона месозад. Баъзан лонаи парандагони дигар мисли  ҳумо, чарғро ишғол мекуунад. Буми модина моҳҳои  март-апрел 3-4 ва баъзан то 5 адад тухм мегузорад; чўҷаҳо аз тухм баъди 35 шаборўз баромада, дар семоҳагӣ парвоз мекунанд.

Ғизои бум хояндаҳои майда, харгўш, баъзан паранда ва ҳашарот аст. Бум хояндаҳои зараррасонро нест мекунад. Парандаҳои шикорбобро хўрда, ба хоҷагии шикор каму беш зарар  ҳам мерасонад. Бум баъзан қурбоқа ва моҳӣ мехўрад. Тўъмаашро ҳангоми парвоз ё дар баландӣ нишаста, шикор мекунад.

Баъди нақли муфассал дар бораи бум бачаҳо тасаввуроти худро рӯи коғаз оварданд. Албатта, онҳое, ки бумро ба филмҳо дидаанд ва ё расмашро дар китобҳо дидаву дар бораи он хондаанд ва ё амалан дар рустоҳо, саҳроҳо ва ё кӯҳҳо дидаанд, расмашро хубтар кашиданд.

Маҳфили “Дастони моҳир” маҳфили созандагони наврас аст. Он моҳе як маротиба дар толори хониши кӯдакон ва наврасон баргузор мешавад ва ширкаткунандагони он хонандагони фаъоли шуъба мебошанд.

Ҳар маҳфил мавзӯъи хоси худро дорад ва ин худ як василаи донишомӯзист. Зеро хонандагон он чиро, ки намедонанд, меомӯзанд, мепурсанд ва ба суолоти худ аз мураббиён посух мегиранд.