Чашмандозе ба таърихи пайдоиши Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ

Мувофиқи маълумоти стандарти соҳаи китобдорӣ «Маълумоти библиографии нашр ва савдои китоб» Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ (ТДУ) забони асосии иттилоотӣ–ҷустуҷўӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун субъекти бозори иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди истифода қарор дорад. Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ дорои дастгоҳи густаришёфтаи методӣ мебошад, ки бо ёрии он метавон дар самти савдо низ ҷанбаҳои муҳими китобро ба таври осон инъикос намуд.
Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ – эсперантои байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ дониста шуда, ҷустуҷўйи адабиёти зарурӣ бо ёрии ТДУ, ки дар манбаи маълумотҳо махсусан махзани китоби китобхонаҳо ҷой дода шуда, бе донистани забон имконпазир аст ва тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет барои ворид шудан ба бозори китоб басо муҳим мебошад.
Бояд қайд кард, ки шохиси Таснифоти Даҳгонаи Универсалии китоб мутобиқи стандарти байнидавлатии ГОСТ 7.4–95 «Нашр. Маълумоти барориш» ба таври ҳатмӣ дар пушти варақи унвонии китобу ҷузва қабл аз Таснифоти Китобхонави Библиографӣ, дар боло, аз тарафи чап ва дар поён баъди шарҳи мухтасари китоб дар тарафи рост бо ҳамон тартиби аввал гузошта мешаванд.
ТДУ зиёда аз 140 сол (1876) аст, ки вуҷуд дорад ва дар тамоми давлатҳо бо  муваффақият истифода бурда мешавад. Дар муддати ин солҳо «Таснифоти Даҳгонаи Унвирсалӣ» борҳо мавриди танқид ва тағирот гардидааст, вале боз ҳам бебаҳо буда, аҳмияти  худро  гум накардааст.
Дар Амрико ва як қатор давлатҳо то ҳоло ин таснифот бетағйирот  амал мекунад. Ҳатто китобхонаи Конгресси Амрико, ки дар дунё калонтарин китобхона ба ҳисоб меравад, аз ин таснифот  васеъ  истифода  менамояд. Баргаҳои ин китобхона низ аз рӯйи ин ҷадвали таснифотӣ тартиб  дода мешаванд.
Соли 1895 дар Брюсел якумин конфронси байналхалқии библиографӣ барпо шуд. Дар ин конфронс масъалаҳои таҳияи  феҳристи баргавӣ, ки ҳоло дар тамоми дунё фаъол аст ва бо номи феҳристи анъанавӣ маъмул аст, ба миён омад. Барои татбиқи  ин  масъалаи муҳим Донишкадаи Байналхалқӣ Библиографӣ ташкил гардид. Соли 1931 Донишкадаи Байналхалқӣ  Библиографӣ номи  худро  тағир дода унвони Донишкадаи Байналхалқи ҳуҷҷатҳоро гирифт.
Таснифоти даҳгонаи универсалӣ як ҷузъи низоми иттилоотӣ буда, дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар самти таснифот ва банизомдарории осори чопӣ – асарҳои илмӣ, адабиёт, санъат, нашрияҳои даврӣ, дигар намуди ҳуҷҷатҳо ва ташкили кортҳои библиографӣ ба таври густурдаю васеъ истифода бурда мешавад. Он дар ибтидои қарни ХХ аз тарафи китобшиносони белгиягӣ Полем Отле (Otlet) ва Анри Лафонтэном (Lafontaine) таъсис ёфтааст. Ҳангоми омода кардани ТДУ «Таснифи даҳгона»–и китобшиноси америкоӣ Мелвилл Дюи (Dewey), ки барои Китобхонаи Конгресси ИМА таҳия гардида буд, ҳамчун асос мавриди истифода қарор гирифт. Нақшаи комили ТДУ бори аввал соли 1905 бо забони фаронсавӣ ба нашр расид. Сохтори ТДУ бо мурури замон аз нақшаи ибтидоии худ, ки М.Дюи таъсис дода буд, берун омада бошад ҳам, вале дар баъзе аз қисматҳо бо он мувофиқат мекунад.
Дар соли 1933 бошад, нашри 2 – юми ин таснифот бо тағйироту иловаҳо ва ислоҳот дар мавзуъҳои илму технология аз чоп баромад, ки дар таҳия ва нашри 2–юми он нақши Донишкадаи Байналхалқии Аснод  хело калон аст. Соли 1936 Донишкадаи Байналхалқи Аснод боз номашро тағир дода, Федератсия Байналхалқи Аснод номида шуд.
Дар  зери  назорати Федератсия  Байналхалқи  Аснод нашрияҳои  мухтасар пурра бо иловаҳою тағйиротҳо ва нашрияҳои соҳавӣ ба чоп  пешкаш мешуданд. Зикр кардан бамаврид аст, собиқ давлати Шўравӣ  бо ин Федератсия ҳамкорӣ мекард ва дар иртибот буд. Оид ба такмили Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ аз тарафи ҳукумати Шўравӣ комиссия роҷеъ таснифи илму  техника гузаронида мешуд.
Айни ҳол Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ моликияти зеҳнии Консорсиуми байналмилалии махсус таъсисёфтаи ТДУ мебошад, ки он ноширони асосии ТДУ (бо забонҳои гуногун)–ро муттаҳид менамояд. Ҳоло ТДУ дар тамоми дунё барои муратаб гардонидани нашрияҳо, ҳуҷатҳо, таҳияи баргаҳо ва феҳристҳои китобхонаҳо, чопхонаҳо ва муассисаҳои фурўшӣ китоб, васеъ истифода бурда мешавад. Дар тӯли солҳои гуногун ин таснифот боиси тағйиротҳо гашта бошад ҳам, лекин асоси он ҳамон таснифот М.Дюи мебошад. Дар таърихи китобдорӣ ва библография номи ин олим бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, яке аз асосгузорони таснифоти китобҳо ба шумор меравад.
Таснифоти Даҳгонаи Универсалии имрўза, ки дар фаъолияти китобдорӣ истифода мегардад ва дар асоси таснифоти даҳгонаи М.Дюи   ба миён омада, тамоми сохтори онро дар асл нигоҳ дошта, дар навбати   худ ҷадвалҳои ёрирасон, ки муйянкунандаи умумӣ ва махсусро дар бар  мегирад, ҳамроҳ шудааст.
Соли 1991 аз тарафи кормандони Палатаи китоби Русия бори аввал дар ин кишвар шакли фишурдаи ТДУ барои таҳияи дастурҳои давлатии библиографӣ омода гардид. Аз соли 1992 сар карда нашри библиографияи давлатӣ роҷеъ ба кулли осори нашрии ин кишвар дар асоси ТДУ ба роҳ монда мешавад. Тадриҷан дигар кишварҳои узви ИДМ низ ба ин усули феҳристнигорӣ гузаштанд. Дар кишвари мо бо саъйи роҳбарияти Хонаи китоби Тоҷикистон он бо забони тоҷикӣ баргардон шуд ва шурўъ аз нимаи дувуми соли 2012 тасвири библиографии маводи чопӣ бо истифода аз он сурат гирифта, ягона феҳрасти давлатии библиографӣ, яъне «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр мерасад.
Ин  ҷадвалҳо  барои  муайян  кардани  забон, замон ва ҷойи асар  хело муҳим аст. Таснифоти Даҳгонаи Унверсалӣ онгунае, ки аз номаш  маълум, даҳгона аз даҳ шуъба ва ё фасл иборат буда, барои ҳамин универсалӣ мебошад, яъне тамоми соҳаҳои донишро инъикос менамояд. Шуъбаҳои асосии Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ иборатанд аз:

00шуъбаи умумӣ: илм, хат, ахборот, фарҳанг, журналистика, осорхонаҳо, библиография, китобхонашиносӣ;
1 – фалсафа, равоншиносӣ;
2 – дин. диншиносӣ;
3 – ҷамъиятшиносӣ;
5 – риёзӣ;
6 – фанҳои амалӣ, тиб, кишофарзӣ, техника;
7 – санъат, суратгарӣ, мусиқӣ, вазиш;
8 – забоншиносӣ, адабиётшиносӣ
9 – ҷуғрофиё, таърих.

Эзоҳ: соли 1961 шуъбаи 4 – ум ба шуъбаи 8 – ум гузаронида шуд.

Бинобар ин Таснифоти  Даҳгонаи  Универсалӣ  дар  тамоми  дунё  маъруф буда, дар истифода хеле муносиб ва барои мураттаб гардонидани  нашрияҳо, ҳуҷатҳо ва феҳристҳо ҷустуҷуи сарчашмаҳо бебаҳост. Таснифоти Даҳгонаи Универсали аз рӯи принсип ё усули муратабсозии соҳаҳои илм бунёд шуда, як шуъба (соҳаи дониш) ба якчанд мавзуъҳо ё худ зершуъбаҳо тақсим мешавад. Аз ин лиҳоз шакли чопии ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ» дар якчанд ҷилд чоп шудааст.

Таҳияи Сайзароб Надиров,
Мутахассиси Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ