Узви Академияи илмҳои Шўравӣ, Расторгуева Вера Сергеевна ҳангоми сафари хизматии худ (соли 1948 ва соли 1953), барои омўзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба минтақаҳои шимолии Тоҷикистон, нашри сеюмӣ натиҷаи корҳои экспедитсиониро зери унвони «Тасвири лаҳҷашиносии тоҷик. “Гуруҳи шеваҳои тоҷикони шимоли Ленинобод-Конибодом” (Очерки по таджикской диалектологии. “Ленинабадско-канибадамская группа северных таджикских говоров”) бо теъдоди 192 саҳифа ба нашр расонид. Ин асар соли соли 1956 интишор ёфт ва бомаврид аст зикр шавад, ки хизмати В.С. Расторгуева дар рушд ва заминаи устувори забони тоҷикӣ, хеле бузур аст. Бо ташаббуси бевоситаи ў як қатор асарҳо доир ба грамматика ва луғати забони тоҷикӣ ба монанди панҷ нашри алоҳидаи «Очеркҳои диалектологии (лаҳҷашиносии) тоҷик» ва луғатҳои «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954), «Луғати русӣ-тоҷикӣ » (1985) ва ғайра таҳия шуда аст.
Китоби «Тасвири лаҳҷашиносии тоҷик. Гуруҳи шеваҳои тоҷикони шимоли Ленинобод-Конибодом» асари илмӣ-граматикӣ буда, ин ҷо грамматикаи се лаҳҷаи тоҷикони Ленинобод, Конибодом ва Исфара мавриди таҳлилу омўзиш қарор мегирад.
Нашри мазкур аз муқаддима ва бахшҳои асосии «Фонетика», «Морфология», «Маълумоти мухтасар дар бораи синтаксис» ва «Замимаҳо. Намунаҳои гуфтугўии нутқ» иборат мебошад. Ин китоб ҳамчунин библиографӣ буда, дар поёни баъзе аз саҳифаҳояш барои исботи ақида адабиёти истифодашударо тасвири библиографӣ намудааст.
Дар мақолаи муқаддимавӣ доир ба ду масъала мавзўъ ва хислати таҳқиқот ва ахбори мухтасар дар бораи минтақаҳое, ки таҳқиқот сурат гирифтааст, сухан рафта, дар бораи асарҳои бахшида ба шеваи тоҷикони Конибодом Б.Ниёзмухамедов «Шеваи Конибодомии забони тоҷикӣ» ва Л.Бузургзода «Чорбайтиҳои халқӣ ва хусусиятиҳои шеваи Конибодом» маълумоти мухтасар оварад мешавад.
Бахши аввали китоб дар мавзўҳои «Таркиби овозҳо», «Муқоисаи баъзе хусусиятҳои фонетика бо забони адабӣ» ва «Зада» иттилоъ дода, сохти овозӣ, таркиби садоии лаҳҷаҳои се маҳал (Ленинобод, Конибодом, Исфара), мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Чуноне ки дар боло зикр гардид ин китоб асари граматикӣ мебошад ва морфология соҳаи асосии грамматика ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз «Морфология» номи боби дуюми ин китоб буда, нисбат ба дигар бахшҳо мавзуҳои бештарро фаро гирифтааст. Дар ин қисмат роҷеъ ба истифодаи ҳиссаҳои нутқ исм, сифат, ҷонишин, шумора, феъл ва зарф дар граматикаи шеваи тоҷикони шимолӣ, маълумот оварда мешавад.
«Маълумоти мухтасар дар бораи синтаксис» дар ин бахш доир ба сохт таркиби ҷумлаҳо сухан рафта, асосан дар ду мавзўъ «Ҷумлаҳои сода» ва «Ҷумлаи муракаб» баҳс мекунад.
Дар қисмати ниҳоӣ «Замимаҳо. Намунаҳои гуфтугўии нутқ» намунаҳои гуфторҳои се шева Ленинободу Конибодом ва Исфара дар муҳокима бо ҳиссаи нутқ феъл оварда шуда аст. Маълумотҳои дар ин қисмат оварда шударо метавон дар навиштани китобчаҳо барои омўзишӣ забони русӣ, яъне таҳияи муҳовараҳо барои шеваҳои ин се минтақа, истифода намуд.
Хонандаи муҳтарам, асари мазкур дорои маводӣ дақиқу таҳлил шуда, мебошад. Муҳақиқони соҳаҳои забонишиносӣ, мардумшиносӣ, таърих ва ғайра метавонанд ин китобро дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ ҳамчун як сарчашмаи дақиқ истифода намоянд. Мутахассисони соҳаҳои зикр гардида ва оммаи васеи хонандагон низ барои ошнои пайдо кардан ва ё мутолиа намудани ин китоб метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷиикстон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ташриф оваранд. Ин китоб ҳамчун асари нодир дар риштаи забонишиносӣ ба ҳисоб рафта дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки асари «Очеркҳои диалектологии (лаҳҷашиносии) тоҷик» аз панҷ ҷилд иборат буда, доир ба нашри аввали ин асар, ки оид ба шеваи варзобии забони тоҷикӣ буд дар сомонаи Китобхона маълумот додем.
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон