Л. Будагов: Тоҷик аз калимаи кутоҳкардашудаи тоҷ ва гулчанбар гирифта шудааст
Нашр шуд 2016-08-14 19:33
Семёнов Александр Александрович (1873—1958) шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, асари навбатии худ бо номи «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз»-ро (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда буд. Ин китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо забони русӣ мебошад. Асари мазкур яке аз натиҷаҳои сафари экспедитсионии этнографии Сеиёнов А.А. бо ҳамроҳиии Бобринский А.А. ба минтақаҳои куҳии Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз дар соли 1898 мебошад.
Ин китоб аз муқаддима ва ҳафт боб таркиб ёфта, дар он инчунин феҳристи ҷадвали расмҳо оварда шудааст. Дар боби аввали асар сухан дар бобати мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва мавзеъҳои таърихиву табиати ин минтақаҳо (Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз) меравад. Бахши дигари китоб «Тоҷикони куҳистонӣ» ном дошта, муаллиф кушидааст доир ба маънии калимаи тоҷик бо ишора аз сарчашмаҳо, доир ба симои тоҷикони куҳистон ва таркиби этникии мардуми ин минтақаҳо малумот диҳад. Масалан, дар боби мазкур маълумоте оварда шудааст, ки аз миллати қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, муаллиф менависад: “Л.Будагов (1812-1878) дар асари худ «Луғати муқоисаи лаҳҷаҳои туркӣ-тоторӣ» дар қатори шарҳи дигар калимаҳо, мегўяд, калимаи тоҷик (таджик) аз калимаи кутоҳкардашудаи тоҷ (тадж), гулчанбар гирифта шудааст”.
Дар бобҳои сеюм ва чоруми ин асар маълумоти ҷолибе оид ба хонаҳои истиқоматӣ, тарзи зиндагонӣ, шуғл ва касбу кори мардумони минтақаҳои Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз оварда шудааст, ки хонандаро бо санъати меъморӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикони куҳистонӣ дар асрҳои нуздаҳ ва аввалҳои асри бист ошно месозад.
Боби панҷуми асар доир ба эътиқодоти динии тоҷикони куҳистон бахшида шуда, дар ин ҷо васфи қувваи некиву бадӣ ва боварии мардумони ин минтақаҳо ба Худо ва фариштагон ба ришта тасвир кашида шудааст. Муаллиф дар боби мазкур як нуктаи хеле ҷолиберо овардааст, ки эътиқоди тоҷикони куҳистонро нисбат ба дини худ равшан менамояд: “Эътиқолди динии тоҷиколни куҳистон душвор набуда, вале оддӣ ҳам нест. Дар ҳар ҳолат тоҷики куҳистонӣ аз дину эътиқоди имрӯзаи худ-ислом хушҳол аст ва ба он бо самимияти хоса муносибат мекунад, яъне дар қиёс ба онҳое, ки дар ҳамвориҳо ва шаҳрҳои ҳаёт ба сар мебаранд, ба дин ва урфу одатҳои қадимии худ самимитаранд ва ба он эҳтироми зиёд доранд”.
«Урфу одати оила» унвони боби шашуми китоб буда, дар мавзуҳои оиладорӣ, интихоби ҳамсар, муносибати калонсолон нисбати кўдакон, никоҳ, маросимҳо, нигоҳубини фарзанд, вафот ва ғайра сухан меравад. Он маълумоте, ки дар ин боб оварда шудааст, хоси мардуми тоҷик буда, то кунун дар байни мардум роиҷ мебошанд.
Муаллиф боби ниҳоии асарро «Намунаи осори эҷодиёти халқӣ» номгузорӣ кардааст. Ў аз эҷодиёти даҳонии тоҷикони куҳистон чор мақол ба мисли «Хар, шер, шутур ва гург», «Одам ва мор», «Рубоҳ ва будана», «Пайғу, зоғ ва рубоҳ» ва се афсона: «Писари вазир», «Тамокукаш ва сайи хаёлоти ӯ”, «Найранги Ашур-Айёр ва ҳамсари ў» ба хонанда пешкаш менамояд, ки онҳо тарбиявию ахлоқӣ ва пандомӯзанд. Имрўз метавон онҳоро барои тарбияи наврасон дар боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ ҳамчун сарчашмаи маводи таълими истифода бурд.
Асари мазкур ба доираи васеи хонандагон (этнографон, филологҳо, таърихчиён ва мардумшиносн) пешкаш мегардад. Ҷустуҷў нишон дод, ки муҳақиқони соҳа (унвонҷуён, донишҷуён) ин асарро ҳамчун сарчашмаи боеътимод дар корҳои илмии худ хеле кам истифода кардаанд.
Хонандаи муҳтарам, шумо ин китобро дар махзани Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баробари асарҳои нодир зери рақамҳои 250767, 1288268 маҳфуз аст, метавонед дархост намоед.
Сайзароб Надиров, мутахассиси
Шуъбаи нигоҳдории депозитарии КМТ