Илм дар Тоҷикистон

Зикр бамаврид аст, ки феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» бо ҷумлаи камбудиҳои аз нигоҳи низоми библиографиянамоии дастурҳои библиографӣ боиси таҳсин буда, ягона сарчашмаи библиографияи илмӣ-ёрирасон барои дарёфти маводи чопии кишвар ба шумор меравад. Ҷои афсус аст, ки  библиографони  ватанӣ барои нашри дастурҳои библиографӣ аз сабаби набудани сарпарастон танқисӣ мекашанд. Бинобар ҳамин сабаб феҳристи мазкур бо теъдоди кам чоп шудааст, ки ин теъдод ҳато барои таъмин намудани китобхонаҳои унверсалӣ, оммавӣ, илмӣ, махсуси илмӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ басанда нест.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, дар соҳаи китобдорӣ ва библиографии кишвар марҳилаи навро кушод ва барои рушду нумӯи он имкониятҳои бештарро фароҳам овард. Махсусан оид ба соҳаи библиография дар самти таҳияи дастурҳои библиографӣ як такони ҷиддӣ дида мешавад. Нахуст барои таҳияи дастурҳои библиографӣ шароити мусоид муҳаё гардид ва мутахассисон дар фазои ороми Истиқлолияти давлатӣ барои машғул гардидан ба таҳияи дастурҳои библиографӣ имконияти бештар пайдо намуданд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарғиби дастовардҳои назарраси олимон ва пажӯҳигарони ҷумҳурӣ аз ҷониби «Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури библиографии ҷаддид зери унвони «Илм дар Тоҷикистон: Солнома» ба нашр расид, ки мураттиби он мутахассиси ҷавону умедбахши соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Исмоил мебошад.

Чуноне, ки мо аз дебочаи феҳристи мазкур иттилоъ гирифтем, маводи библиографӣ дар асоси захираи нусхаҳои ҳатмии осори чопии ба фонди китобхона ворид гардида, аз ҷумла китобу мақолаҳои олимон ва фаъолияти илмии муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 таҳия ва чоп шудаанд, мураттаб гардидааст.

Феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» асосан тасвири библиографии осори чопии монографияҳо, маҷмӯаҳо, мақолаҳо аз матбуоти даврӣ ва фишӯдаи суханрониҳо дар конференсияҳои илмии ватанӣ ва хориҷи кишвар нашргардидаро иникос менамояд.

Ҷобаҷогузории адабиёт дар ин дастури библиографӣ дар асоси ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ» сурат гирифта, дар дохили шуъбаҳо мавод аз рӯи шакли нашр, забон ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбои ному насаби муаллифон ва унвони асарҳо мураттаб гардидаанд. Унвони ҳамаи нашрҳо ба забони асл тибқи стандарти ГОСТ 7.1-2003 «Сабти библиографӣ. Талаботи умумӣ ва қоидаҳои мураттабсозӣ» тасвир ёфтаанд.

Феҳристи мазкур бо дастгоҳи маълумотдиҳии нашр: сарсухан, кумакфеҳристҳо ва мундариҷа таъмин буда, дар худ 1080 рӯйхати осори чопиро фаро гирифтааст.

Дар таҳия ва интишори ин феҳрист заҳмати кормандони Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст, зеро ин дастур роҳнамои тамоми илмҳо ба шумор меравад.  Дар рафти омӯзиши дастури библиографии «Илм дар Тоҷикистон: солнома» маълум гардид, ки на ҳамаи маводи интишорёфта дар ин ҷо ворид шудаанд. Масъулини нашр, сабаби асосии иникос наёфтани тамоми маводи ба нашр тааллуқдоштаро пеш аз ҳама дар он мебинанд, ки на ҳамаи маводи чопии дар ҷумҳурӣ нашршуда аз тарафи муассисаҳои табъу нашр, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи марказии илмии Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд.

Бояд қайд кард, ки баъд аз таваққуфи 30-солаи худ, яъне аз соли  1986 ин ҷониб, дастури библиографии илмӣ-ёрирасони «Илм дар Тоҷикистон: солнома» аз нав эҳё гардид. Умедвор ҳастем, ки аз ҷониби кормандони Китобхонаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи нашрҳои тарҷеии феҳристи мазкурро ба роҳ мемонанд.

Зикр бамаврид аст, ки феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» бо ҷумлаи камбудиҳои аз нигоҳи низоми библиографиянамоии дастурҳои библиографӣ боиси таҳсин буда, ягона сарчашмаи библиографияи илмӣ-ёрирасон барои дарёфти маводи чопии кишвар ба шумор меравад. Ҷои афсус аст, ки  библиографони  ватанӣ барои нашри дастурҳои библиографӣ аз сабаби набудани сарпарастон танқисӣ мекашанд. Бинобар ҳамин сабаб феҳристи мазкур бо теъдоди кам чоп шудааст, ки ин теъдод ҳато барои таъмин намудани китобхонаҳои унверсалӣ, оммавӣ, илмӣ, махсуси илмӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ басанда нест.

Дар охири асар, барои осон кардани кори пажӯҳишии хонанда кумакфеҳристҳои алифбои асарҳо ва кумакфеҳристи ашхос тартиб дода шудааст, ки яке аз талаботи низоми таҳияи дастурҳои библиографӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳии нашр мебошад.

Феҳристи мазкур барои олимону пажӯҳишгарон, муҳаққиқон ва омӯзгорону донишҷӯён ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотию пажуҳишӣ кумак хоҳад кард.

Сайзароб Надиров,  Нуралӣ Ҳикматов,
кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.