“Қалами найшакарӣ”-и Назри Яздон дар Хуҷанд чоп шуд
Нашр шуд 2017-04-07 13:11
Чанд рўз қабл нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд китоби Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи I Назри Яздонро бо номи «Қалами найшакарӣ» дар шакли хеле зебою дилнишин аз чоп баровард.
То ба имрўз ашъори шоир ва донишманди тоҷик Назри Яздон дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва дигар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ҷоп шудаанд. «Калами найшакарӣ» китоби навбатии ашъори ў буда, дар он шеърҳои ҷадиди шоир низ ҷой дода шудаанд.
Ашъори устод Назри Яздон тараннумгарӣ ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва дигар арзишҳои неки зиндагӣ буда, хонандаро ба дунёи рангоранги зиндагӣ ва дўст доштани ватану модар ҳидоят мекунад.
Шеъри зерин қатрае аз баҳри беканори шоири ширинсухан Назри Яздон мебошад, ки пешкаши хонандаи адабпарвар гардонида мешавад.
Шеъри Сафед
Суханҳо парваридам хубу суфта,
Суханҳои сухангўе нагуфта.
Суханро ҳамчу ҳалвои сафедак
Сафеду пухта кардам куфта – куфта.
Суханҳо дидаам титу парешон,
Қаламро кардам паргори родар.
Дилеро дида будам пора - пора,
Қаламро кардам кафшери лозар
Машав ҳайрон, агар ҳусни хати ман
Ба роҳи дафтарам пастобаланд аст,
Ки чун хатти шикасти дилнигора
Гувоҳи зарби қалби дардманд аст.
Чу зарбехи қиём андар давоҳо,
Ки чун абри сафед андар сипеҳр аст,
Қиёми шеър аз ҷонам дамида,
Зи марзу киштаи Бузарҷмеҳр аст.
Агар бо ту нагўям, бо ки гўям,
Ки мушти рўзгорон гоҳу ногоҳ
Фуруд ояд ба фарқи сарбаландон,
Надорад кор бо пастони дунё.
Гуноҳи сарбаландии чанор аст
Ва ё айби хати сими кашида,
Ки ман дар кўчае як рўз дидам,
Сафи сабзи чанори сарбурида.
Ғами бисёр дорад сарбаландӣ,
Баландонанд ҷумла дардмандон.
Ба зери теѓи барқи рўзгорон,
Баландонанд ҳамчун барқгардон.
Агар бо ту нагўям, бо ки гўям:
Парешондардҳоро дида аксар,
Қаламро кардаам паргори родар,
Қаламро кардаам кафшери лозар.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
сардори Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ