505 асари нодири адибони олам дар дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
Нашр шуд 2016-12-03 14:27
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар Китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи шуъбаҳоест, ки барои хонанда хеле армуғонҳо дорад. Хонандагон дар ин шуъба метавонанд ба баҳри нопайдоканори адабиёти нодири олам шино кунанданд ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳраҳо бардоранд.
Дар ин шуъба хонандагон имкон доранд бо 505 номгӯй асарҳои нодири адибони олам ошно гарданд. Аз ҷумла, китоби А.С. Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»; Уайльд Оскар. «Стихотворения портрет Дориана Грея тюремная исповедь»; А. Чехов «Рассказы, повести, пьесы»; Вильям Шекспир «Трагедия, сонеты»; Шота Руставелӣ «Витязь в тигровой шкуре»; Низами «Пять поэм»; Фирдоуси «Шах-наме» ва ғайра.
Аксари ин китобҳо бо забони русианд. Осори маҳфузбуда дар шуъба аз як нусхагӣ иборат буда, ба китобҳои нодири шуъба тааллуқ доранд.
Аз хонандаҳои арҷманд ва дўстдорони китобу китобхона даъват карда мешавад, ки аз ин ганҷинаи адибони ҷаҳонӣ омада баҳра бардоранд.
Қурбонгул Воҳидова, мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ