Экспедитсия: Фарҳанги модии тоҷикони болооби Зарафшон

Китоби «Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана» (Фарҳанги модии тоҷикони болооби Зарафшон) нашри вежаи институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистони Шуравӣ буда, онро соли 1973 нашриёти «Дониш» чоп кардааст.  Матни китоб бо забони русӣ буда, дар ҳамкорӣ бо ходимони илмии шуъбаи этнографӣ дар асоси маводҳои таҳқиқоти этнографии солҳои 1958 – 1966 таҳия шудааст.
Ин асар асосан аз бобҳои «Манзил», «Ғизо» ва «Либос» иборат буда, инчунин ҳар як боб дорои зермавзўҳо мебошанд, ки мазмуни бобҳоро мушаххас мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 1958 то 1966 минтақаҳои Зарафшон зери омўзиши этнографӣ (экспедитсияи этнографӣ) қарор гирифта буд. Дар ин экспедитсия олимони зиёде ширкат кардаву ҳар кадом мавзуъҳои мушаххасро мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Аз ҷумла,  А.С.Давыдов муаллифи боби аввали китоб, санъати интихоби мавзеъ барои сохтмони манзил, васфи намудҳои манзилҳои истиқоматӣ дар гузашта ва ҳозира, намудҳои хонаҳои шарқию ғарбӣ, устоҳои хонасоз, санъати ороиши хона бо истифода аз чўб (кандакорӣ) дар болооби Зарафшонро таҳқиқ кардааст. М.А.Ҳомидҷонова – муаллифи боби дуюм доир ба намудҳои ғизо, аз ҷумла ғизоҳои маросимӣ, мавсимӣ, парҳезӣ, хўрокҳои гарму сарди ин минтақа таҳқиқот анҷом додааст. З.А.Широкова бошад доир ба намудҳои сару либоси занонаю мардона, бачагона ва маросимӣ маълумот додааст.  Ва ғайра.
Дар ин экспедитсия ҳамчунин аксбардорон Ю.П.Гремячинский, Х.А.Жаба, Р.М.Токман, А.Д.Галядкин, А.И.Соловев, О.Пинхасов иштироки фаъол дошта, доир ба ҳар як мавзўъ расм гирифтаанд.
Нусхаҳои ин китоб дар махзани умуми ва махзанҳои эҳтиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумла, дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ мавҷуданд ва хонандагон метавонанд бе мамоният ин ҳуҷати таърихиро ҳамчун сарчашмаи тавлидкунандаи маводҳо, истифода баранд. Чунки дар охири китоби мазкур доир ба ҳар як боб ба таври алоҳида руйхати адабиёт тавсия шудааст, ки дар маҷмуъ 207 адабиётро дар худ фарогир мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин асар қимати илмӣ дошта, метавонад дар корҳои илмии татқиқотчиён, унвонҷўён ва худомўзони соҳаи таърих, этнография, фалсафа, касбомўзон, тарроҳон ва ба доираи васеи хонандагон, ки хоҳиши ошноӣ пайдо кардан бо фарҳанг ва урфу одати тоҷикон ва мардумони минтақаҳои болооби Зарафшонро доранд, пешниҳод мешавад.   
Ҳамчунин ин асар барои саҳеҳ намудани ҳудудҳои таърихӣ, фарҳангиву этнографии минтақаҳо, барои тартиб додани харитаи этнографӣ ва таҳияи атласи таърихӣ – этнографӣ ва ғайра хизмат мекунад.
Сайзароб Надиров, мутахассиси
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ