Тасвири ҳаёти вахниёну ишкошимиён дар асари таърихии Алексей Бобринский

Китоби «Куҳистониҳои болооби Панҷ: Вахониҳо ва Ишкошимиҳо» (Горцы верховьев Пянджа (Ваханы и Ишкошимцы) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Алексей Александрович Бобринский буда, соли 1908 дар шаҳри Масква аз ҷониби нашриёти «Т-во скоропеч А.А.Левенсон» ба нашр расидааст.
Асари мазкур тасвири ҳаёт аз рўи қайдҳои сафари муаллиф буда, матни китоб бо хати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шудааст Китоб аз муқаддима, ҳабдаҳ боб ва қисмати иловаҳо иборат аст. Дар қисмати иловаҳо даҳ мавзўи мухтасари (маълумотӣ) таърихӣ пешниҳод шудааст, ки аз инҳо шаш мавзўаш бо хат ва забони инглисӣ мебошанд.
Дар китоб шарҳи зиндагии мардуми куҳистони Помир – Вахон ва Ишкошим оварда шудааст, ки он дар асоси қайдҳои сафари омўзишии муаллиф (дар соли 1901) ба ин минтақаҳо таҳия шудааст. Ҳамчунин муаллиф дар боби аввал “Тасвирии умумии болооби Панҷ” Общий очерк верховьев Пянджа») дар бораи релйеф, мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими ин минтақа маълумот медиҳад.            
Ғайр аз ин, асари мазкур дар бобҳои дигар ба хонанда имкон медиҳад, ки бо расму оин, идҳо, санъати ҳунармандӣ, аз қабили  кулолгарӣ, бофандагӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, тавсифи сокинони маҳал ва ғайра, ошноӣ пайдо кунад.
Масалан, муаллиф менависад: «-аз рўи аломатҳои руҳияи мардумони куҳистон метавон хулоса кард, ки онҳо оромтабиат, сулҳпарвар ва бовиҷдон буда, нисбати оила ва фарзандони худ бо муҳаббатанд».
Дар боби ҳафтум маълумот дар бораи таърихи Вахон пешниҳод мегардад. Дар бобҳои охирон А.А. Бобринский васфи харобаҳои қалъаву зиёратгоҳҳои муқаддас ва марғзорҳои маҳалро  меорад.
Дар нашр расмҳои ба навор гарифтаи Н.В. Богоявленский ва П. Павлов ки дар рафти татқиқот А.А. Бобринскийро ҳамроҳӣ мекарданд, оварда шудааст, ки хонандаро ба умқи андешаҳои таърихӣ мебарад.
Дар охири китоб барои осонии хониш, нишондиҳандаи номӣ ва мавзўӣ бо тартиби алифбоӣ пешниҳод шудааст.
Ба иттилои хонанда расонида мешавад, ки асари «Горцы верховьев Пянджа (Ваханцы и Ишкошимцы» соли 2013 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Тифлис ба шакли электронӣ (PDF)   баргардонида шудааст.
«Горцы верховьев Пянджа (Ваханцы и Ишкошимцы»
Хонандаи азиз Шумо агар муҳаққиқед ва ё донишҷў ва хоҳиши ошноӣ пайдо кардан ба ин давраи таърихии минтақаҳо (Вахон, Ишкошим)- ро доред, метавонед ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Аз ин китоб танҳо ду нусха таҳти рақамҳои 160465, 249246 дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ мавҷуд аст.

Сайзароб Надиров,
мутахссис
и
Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ