Китоби омӯзиши лаҳҷаҳо, ки соли 1900 дар Маскав нашр шудааст
Нашр шуд 2016-07-26 21:12
Қисми аввали китоби «Мавод барои омўзиши лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Марказӣ» (Материалы для изучения наречия горних таджиков Центральной Азии) соли 1900 дар шаҳри Маскав (типография и словолитня О.О. Гербека, Болышая Никитская, Чернишевский пер.,№5) ба табъ расидааст, ки муаллифи он Семёнов Александр Александрович мебошад.
Китоби мазкур очерки граммматикӣ ва ёдгориҳои эҷодиёти халқ буда, дар он доир ба грамматика ва эҷодиёти шифоҳии тоҷикони қуҳистони Осиёи Миёна сухан меравад. Худи А. А. Семёнов дар сарсухани китоб менависад, ки очерк дар асоси саёҳати анҷомдодаи А. А. Бобринскаго, Н. В. Богоявленскаго ва А.А. Семёнов ба Осиёи Миёна дар соли 1898 ба табъ расида аст.
Дар қисмати аввали китоби мазкур мухтасаран доир ба грамматикаи лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Миёна муълумот дода шуда, дар қисмати дуюми китоб 13 афсона бо лаҳҷа ва нақли мардуми Қаротегин ва Дарвоз оварда шудааст. Ҳар як афсона (нақл, ҳикоя) ба забони рўси тарҷума шуда, муаллиф расмҳои бардоштаи сайёҳони дар боло зикршударо, ки бозгукунандаи ҳаёт ва зиндагии мардуми Қаротегин ва Дарвоз мебошанд, чоп намудааст, ки хеле ҷолиб мебошанд.
Мутассифона, қисми дуюми ин китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид нагардидааст. Аммо дар махзани Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ду нусха аз қисми якуми асари мазкур таҳти рақамҳои 875914, 685069 нигоҳдорӣ мешаванд.
Семёнов Александр Александрович дар сарсухани қисми якуми китоб мегўяд, ки қисми дуюми китоб ба чоп омода шуда истодааст ва дар он афсонаҳо ва луғатҳои боқимонда, ки аз Дарвоз ва Кулоб сабт шудаанд, ҷой дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо алифбои қадимаи славянӣ навишта шуда, дар қисмати грамматикаи он калимот ва овозҳои тоҷикӣ ба алифбои форсӣ нишон дода шудаанд.
Китоби «Мавод барои омўзиши лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Марказӣ» метавонад барои забоншиносон, мардумшиносон ва фолклоршиносон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ хизмат намояд.
Маврид ба зикр аст, ки махзани китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои олимон ва муҳаққиқон ҳамчун ганҷинаи илму адаб хизмат менамояд. Дар ин махзан ҳамоно сарчашмаҳои тоза ва ноомўхта зиёданд, аз ин рў мо олимон ва пажуҳишгаронро даъват менамоем, ки ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ тишриф биёваранд ва адабиёти ҳанӯз наомўхтаи шуъбаро мавриди таҳкиқ қарор бидиҳанд.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ
сардори Шуъбаи
нигоҳдории депозитарии КМТ