Идомаи барномаи даъват ба Китобхона дар макотиби миёнаи пойтахт

Соли дуюм аст, ки аз ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии   Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маъракаи «Даъват ба китоб ва Китбхона» роҳандозӣ шудааст. Ин барнома дар соли 2016 маъракаи таблиғотиашро дар миёни донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ба роҳ монда буд, имсол бошад доманашро ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе паҳн кардааст.
Дар робита ба татбиқи ин барнома, баъд аз зуҳри рўзи 31-уми марти соли ҷорӣ кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва №18-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.
Сараввал бо директори мактаби умумии №17 Одина Файзов ва баъдан ба директори мактаби №18 Зебоннисо Муъминова вохўрӣ намуда,  моҳияти мулоқотро фаҳмониданд. Сипас, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти мактабҳо ба якчанд синфхона даромада, бо хонандагон сўҳбат доир намуданд.
Дар оғоз кормандони Китобхона тамоми шароиту имкониятҳои муосири Китобхонаро баён намуда, хонандагонро ба омўхтани илму дониш ташвиқ карданд. Ҳамчунин дар ин сўҳбат аз дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас ёдовар шуда, бунёди бинои боҳашамати Китобхонаро самараи дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар ва ваҳдати сартосарии Ватан арзёбӣ карданд.
Маъмурияти мактабҳо дар якҷоягӣ бо хонандагон ин иқдоми Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо қаноатмандӣ пазируфтанд ва гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат якҷо бо хонандагон  аз Китобхонаи миллӣ дидан хоҳанд кард.
Дар охир аз ҷониби кормандон байни хонандагон баргаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Барчаспҳо: