Эҳёгари таърихи забони миллӣ
Агар устод Додихудо Саймиддинов зинда мебуданд, имрӯз аз баҳори 68-уми ҳаёт гул мечиданд. Вале сад дареғ, ки бори аввал имсол зодрӯзашонро пайвандон ва шогирдонашон бе ҳузури муборакашон мегузаронанд.
Эҳёгари таърихи осори гаронбаҳову аз байнрафтаи миллати ориёнажод, ситораи дурахшони бахши забоншиносӣ Додихудо Саймиддинов шахсияти нотакрор дар хотираи мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Маҳз тавассути заҳмати пайгирона ва андешаи оқилонаи ў ёдгориҳои бостонӣ, бахусус «Авесто» ба ҳуруфи кириллӣ омода шуда, дастраси омма гардид.
Дар замони фаъолият баҳри рушди забони миллӣ бар пояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, ҳамчунин бунёдгузории забони миллӣ дар сатҳи давлатӣ нақши муассир бозидааст.
Устод ҳамеша дар талоши донишҳои нав ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Бори аввал устодро дар дафтари корӣ, ки он вақт роҳбарии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии академияи илмҳоро бар дӯш доштанд, ҷиҳати гирифтани иҷозат барои истифода аз «Ганҷина»-и шуъбаи фолклоршниносӣ дида будам. Ба сӯям назар карданду гуфтанд: «Осору фарҳанги гузаштаро низ ах худ кунед!«.
Он вақт намедонистам, ки пас аз 7 соли дигар шогирду зердасту эшон мегардам. Устод дар муносибат бо кормандон дар баробари сахтгирӣ, ниҳоят ҳалиму меҳрубон буданд. Бароямон истифодаи дурусти вақти кориро ташвиқ менамуданд. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳамрӯза донишамонро такмил диҳем. Дар тарбияи шогирд услуби хос, аниқтараш мактаби худро доштанд. Дар тинати шогирдон фурӯтанӣ, ҳалолкорӣ, оромӣ, муносибати хуб дар гуфтору кирдор ва дурандеширо мепарвариданд.
Маҳз ҳамин хислатҳои наҷиб муносибати корманду роҳбарро наздик намуда, меҳрро меафзуд. Яъне, он кас на танҳо роҳбар, балки сарвари хуб низ буданд. Таҷрибаи баланди корӣ дар бахши илм ва сиёсат барои ворид намудани кормандон дар доираи корӣ ва рафъи мушкилоту сахтиҳо роҳи сангинро на танҳо дар фаъолият, балки зиндагӣ низ бароямон осон мегардонид.
Додихудо Саймиддинов тамоми умр дар самти ҳифзу нигаҳдошти забони миллӣ бар пояи суннату равишҳои хидмати холисона намудаанд.
Дар арафаи зодрўзи эшон ҳарчанд такрор аст, мехоҳам маълумоти мухтасареро дар бораи устод бароятон пешниҳод намоям.
Саймиддинов Додихудо 24-уми июни соли 1949 дар ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст.
Устод фаъолияти худро аз соли 1973 ба ҳайси лаборанти Институти забон ва аадбиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1974-1976 коромўзи шуъбаи Институти забоншиносии АФ СССР-и шаҳри Ленингради Русия, солҳои 1976-1979 аспиранти шуъбаи рўзонаи Институти забоншиносии АФ СССР-и шаҳри Лениград, солҳои 1980-1982 ходими хурди илмии, аз соли 1980 то 1982 сафари хизматӣ дар Афғонистон, ҳудудан панҷ соли дигар ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ буданд. Баъдан ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъба, иҷрокунандаи вазифаи муовини директор ва аз соли 2000 то 2005 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Аз соли 2005 то 2009 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва ҳунари байни ҷавонон ва аз ноябри соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Додихудо Саймиддинов дар бахши забоншиносӣ зиёда аз 300 мақолаҳои гуногун ва китобҳои ҷолиб навиштаанд, ки «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013) аз ин ҷумлаанд Дар таҳия ва таълифи «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» саҳмгузор буданд.
Соли 2011 бо дарназардошти пажўҳишҳои муҳимми илмӣ ба узвияти вобастаи хориҷии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шуданд.
Осори илмиву пажӯҳишии Додихудо Саймиддинов ба дигар забонҳо: русиву инглисиву франсавӣ тарҷума ва дар маъруфтарин нашрияҳои Маскав, Санкт-Петербург, Порис, Суед ва дар фаслномаҳои илмиву фарҳангии Афғонистону Эрон мунташир шудаанд.
Китоби «Вожашиносии забони форсии миёна» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон беҳтарин пажӯҳиш дар эроншиносии хориҷӣ дониста шуда, «Китоби сол» эълон гардид.
Ҳамчунин китобҳои «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» бо ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати пайгиронаи Додихудо Саймиддинов бо нишони ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ гардидааст.
Гарчӣ устод имсол дар зодрўзашон миёни хонаводаву дўстону шогирдон набошанд хам, хотираи некашон дар ёдҳо ва хотираҳо то абад боқӣ хоҳад монд.
Рўҳатон шоду хотираи некатон обод бод, устоди гиромӣ!
Нуқра Аҳмадова