Л. Н. Толстой. Чанд ҳикояи кутоҳ аз китоби “Маҳкуми бегуноҳ”

Турна ва лаклак

Марде барои дастгир намудани турнаҳо, ки ба киштзори ў зиён мерасониданд, дом ниҳод. Бо турнаҳо лаклаке низ ба дом афтод. Лаклак ба мард бо илтиҷо гуфт:

- Ту маро раҳо кун, ман турна нестам, лаклакам. Мо аз авлоди парандаҳои бошарафем. Манзили ман дар бомгўшаи падарат. Пару боламро нигар, ман турна нестам.            Мард гуфт:

    - Бо турнаҳо, ки ба даст афтодӣ, бо онҳо кушта хоҳӣ шуд.

Боғбон ва фарзандони ў

     Боғбоне хост ба фарзандонаш ҳунари худро ёд диҳад. Чун вақти аз дунё рафтанаш фаро расид, фарзандонро ба наздаш хонда гуфт:

      Фарзандони азиз, баъди сари ман боғи ангурро нағзакак ҷустуҷў кунед, чизи пинҳон кардаи маро ҳатман меёбед.

        Фарзандон фикр карданд, ки дар боғ ганҷе ниҳон аст ва чун падар аз дунё гузашт, замини токзорро ончунон тагурў кардан два хокашро бехтанд, ки бар асари он соли дигар ҳосили ангур хеле афзун гардид. Онҳо доро ва сарватманд шуданд.

Гург ва турна       

 Ба гулўи гург устухон дармонд ва ҳеҷ берун оварда натавонист. Турнаеро фарёд кард ва гуфт:

         - Ёри азиз, гардани ту хеле дароз аст, саратро ба гулўям дарору устухонро берун каш, ман туро хурсанд хоҳам кард.

          Турна сарашро ба даҳони гург андохту устухонро берун овард ва гуфт:

       - Ку мукофоти банда?

        Гург дандонҳояшро ғиҷироскунон гуфт:

         Вақте сарат зери дандонам буд, ба осонӣ метавонистам аз танат ҷудо кунам. Ҳамин худ мукофот нест?

Харгўшҳо ва қурбоққаҳо

              Рӯзе харгўшҳо ҷамъ омада, аз зиндагии душвори хеш лаб ба шикоят кушоданд:

            - Мо то кай аз дасти одамон, сагҳо, уқобон ва ҳайвоноти дигар нобуд мешавем? Марг аз ин зиндагии пурмашаққат афзалтар аст. Биёед, худро ғарқ мекунем.

Бо ин фикру хаёл худро ба кӯл ҳаво доданд. Қурбоққаҳо бо шунидани овози харгўшҳо шалаппас зада ба об даромаданд. Яке аз харгўшҳо гуфт:

         - Сабр кунед! Саросема нашавед. Бубинед, ҳоли қурбоққаҳо бадтар аз ҳоли мо будааст, бечораҳо аз мо ҳам метарсидаанд.

Мурғ ва фроштурук

         Мурғе тухмҳои морро пайдо кард ва хост аз онҳо бача барорад. Аз ин ҳол фароштурук огоҳ шуд ва гуфт:

          - Эҳ мурғаки беақлу нодон, ту имрўз аз онҳо бача мебарорӣ, фардо, ки онҳо ба воя мерасанд, аввал аз гиребони ту мегиранд.

Оҳу ва оҳубара

        Боре оҳубара ба оҳуе гуфт:

              - Бобо, ту ки аз сагҳо ҳам бузургтару чолоктарӣ, шохҳоят низ бар муҳофизат тавоноанд, чаро аз онҳо метарсӣ?

            Оҳу хандакунон посух дод:

            - Рост мегўӣ, ҷони бобо. Аммо ҳамин ки аккоси сагҳо ба гўшам расад, ба фикр кардан ҳам фурсат намемонад, мегурезаму вассалом.

Рубоҳ ва ангур

          Рўбоҳе хўшаҳои пухтарасидаи ангурро дида, хост мазаи онҳоро чашад. Бисёр кўшид, вале ба мурод нарасид. Барои он, ки дилаш таскин ёбад, гуфт:

- Ангурҳо ҳоло хом, кирои хўрдан намекунанд.

Гурбача

             Бародар ва хоҳаре   -  Вася ва Катя  -  ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд. Онҳо як гурба доштанд ва он баногоҳ дар фасли баҳор ғайб зад.  Онҳо ўро аз ҳама ҷо кофтанд, лекин аз ў дараке наёфтанд. Рўзе онҳо дар назди анбор бозӣ мекарданд, ки овози маҳини гурба баромад.  Вася бо зинапоя ба зери боми анбор баромад, Катя дар поён истода бесаброна мепурсид: - Ёфтӣ? Ёфтӣ?

           Аммо Вася ҷавоб намедод ва ниҳоят дар охир дод зада гуфт: - Ёфтам! Гурбаи мо … ва бо ў гурбачаҳо, чих ел хушрўянд инҳо…

          Катя давон рафта, аз хона барои гурбачаҳо шир овард.

          Гурбачаҳо панҷто буданд. Вақте ки онҳо каме ба воя расиданд, аз ҳар кунҷе баромадан гирифтанд. Вася ва Катя яке аз гурбачаҳои хокистарранги панҷаҳояш сафедро ба хонаашон оварданд. Онҳо ин гурбаи интихобкардаашро мехўронданд, бо бозӣ мекарданд. Дигар гурбачаҳоро модари Вася ва Катя ба хоҳишмандон тақсим карда дод:

        Боре онҳо барои бозӣ ба саҳро рафтанд ва бо худ гурбачаро низ бурданд. Шамол мевазид, гурбача бошад, бозӣ мекард, Вася ва Катя аз ин хурсанд буданд. Баъд онҳо аз як тарафи роҳ туршак ёфта, барои чидани он рафтанду гурбачаро фаромўш карданд.

         Ногаҳон касе баланд фарёд зад: - Ба қафо , ба қафо!

         Диданд, ки шикорчӣ ҳаллос зада метозад ва ду саг пеш пеши ў, сагҳо гурбачаро дидан замон хостаанд гиранд. Аммо гурбачаи нодон заррае намеҳаросид ва дар ҷойе нишаста, ба сагҳо нигоҳ мекард. Катя аз сагҳо тарсида, дод зад ва аз онҳо дуртар рафт. Вася, ки ба гурбача дил баста буд, баробари сагҳо ба тарафи гурбача давид. Сагҳо хостанд гурбачаро гиранд, аммо Вася бо шикам ба болои гурбача афтода, ўро аз чанголи сагҳо паноҳ кард.

        Шикорчӣ бо имову ишора ба сагҳо чизеро фаҳмонд ва аз пеши худ дур сохт. Вася гурбачаро ба хонааш овард ва аз ин ба баъд гурбачаро ҳаргиз бо худ ба саҳро намебурд.

 Аз китоби “ Л.Н.Толстой “Маҳкуми бегуноҳ”., Душанбе, соли 2017.

Рӯнависии Замира Давлатова

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА

Лев Толстой дар бораи ҳунар

 Ҳикматҳои ҷовидонаи Лев Толстой

Лутфан бихонед, хеле аҷиб аст: Дар бораи «Анҷумани пайравони мактаби Толстой»

Ривояти Толстой дар бораи пайдоиши шаҳри Рим