Гулханди ғунчаҳо
Нашр шуд 2019-10-03 15:37
Китобест гулчиншуда аз ашъори фаъолтарин аъзои маҳфили “Ворисони Турсунзода”, ки аз соли 2010 дар шаҳри Турсунзода амал мекунад. Абдуқаҳҳори Қосим-роҳбари ин маҳфил дар сарсухан ба китоб дар бораи маҳфил ва ин маҷмӯа менависад:
Маҳфили адибони «Ворисони Турсунзода», ки 2-юми апрели соли 2010 таъсис ёфтааст, ҳамчун мактаби адибони наврас дар миқёси ҷумҳурӣ худро муарифӣ кардааст.Чакидаҳои ҳомаи қаламкашоне, ки ба маҳфил ҷалб намудаам ва таҳти омўзиш қарор додам, тўли ин солҳо дар нашрияи шаҳриву ҷумҳуриявӣ рўйи чопро дидаанд. Бисёр ҷавонону наврасони дигар ноҳияҳо аз маҳфили мо бохабар шуда, ба камина муроҷиат мекунанд, ки узви ин маҳфил бошанд.
То имрўз ба хотири таблиғи адабиётдўсти дар байни бачаҳо китобчаҳои навқламон –Қайюми Ҳамроҳ бо номи «Гулбоғ», Ҳасан в Ҳусейн Алиевҳо – «Ду мағзи як дона», Толеҳабонуи Хайриддин – «Дурдона» ва « Ғунчаҳои умедбахш»–и Ганҷинаи Қурбон ва Нодира Ханҷарова рўйи чоп омадаанд.
Ҳамзамон навқаламони мо дар озмуну фестивалҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ширкат карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Ҳамасола барои ташвиқи китоб ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон озмуни адабии «Мавҷи назм» гузаронида мешавад, ки қаламкашони зиёд ширкат мекунанд.
Соли 2017 дар «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» шоираи маҳбуби мо – Латофат Кенҷаева ба шаҳри Турсунзода омаданд. Ҳангоми вохўрӣ бо аҳли маҳфил қавл доданд, ки маҷмўаи шеърҳои шоистаи моро нашриёти «Истиқбол» ба чоп мерасонад. Аҳли маҳфил аз лутфи устод Латофат Кенҷаева сарфароз гардида ин маҷмўаро ба нашр омода карданд.
Тоҷикистон
Сарзамини нозанинам, эй Ватан !
Ҷаннати рўи заминам, эй Ватан !
Бахти худ дар ту бубинам, эй Ватан !
Орзуи беҳтаринам, эй Ватан !
Тоҷикистон хурраму фархунда бош !
Хоки покат ин қадар гавҳарфишон !
Оби ту бошад ба ҷисми мо равон,
Номи ту моро бувад ному нишон,
Менависам ман бароят достон,
Тоҷикистон хурраму фархунда бош !
Нодира Ханҷарова
Меҳри Ватан
Ҳар пораи хоки Ватан, як пораи ҷони ман аст,
Ҳар неъмати хушку тараш зебандаи хони ман аст.
Шукри Яздон мекунам, чун зодаи ин обу хок,
Ҳар гиёҳаш марҳаму ҳар сабза дармони ман аст.
Ифтихор аз кишвару аз сарвари худ мекунам,
Дар раҳи фардои некў маҳкам имони ман аст.
Сарвату амволи дунё пеши ман арзанда нест,
Меҳри ў дар ҷони ман чун маъдани кони ман аст.
Ганҷина Қурбонова
Падарҷонам
Эй умеди ин ҷаҳонам, ҷон падарҷонам,падар!
Шаҳсутуни хонадонам, ҷон падарҷонам, падар!
Риштаҳои меҳри ман пайваста бо меҳри Шумост,
Эй мадору эй тавонам, ҷон падарҷонам падар!
Бо дуои некатон равшан дилу ҷони ман аст,
Нурбахши дидагонам, ҷонпадарҷонам, падар!
Панду андарзи Шумо бар тан бубахшад рўҳи нав,
Ҷони ҷонам,ҷони ҷонам,ҷон падарҷонам, падар!
Исмоил Аминов
Хонандагони гиромӣ Шумо метавонед бо шеърҳои дигари “Гулхандаи ғунчаҳо” аз толори кўдакон ва наврасон шинос шавед.
Таҳияи Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.