Сарбози Ватан кист? Чаро номи вай сарбоз аст? Оё ҳар кас метавонад сарбоз бошад? Инҳо суолоте буданд, ки аз бачаҳо ва наврасон-ширкаткунандагони чорабинии субҳи имрӯз дар толори хониши кӯдакону наврасон пурсида шуданд.
Чорабинӣ дар остонаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар доир шуд ва ҳадафи он ҳам ҷалби таваҷҷуҳи наврасон ба ин рукни муҳими давлатдориву нишони соҳибистиқлолии кишвар буд.
Ширкаткунандагон посух доданд, ки сарбоз ин касест, ки марзу буми кишварро аз вуруди бегонагон ҳифозат мекунад ва амнияти мамлакат аз ҳушёриву зиракии вай ва чолокиву ҷасорати ӯ вобаста аст.
Хонандагони толори хониши кӯдакону наврасон дар васфи артиши миллӣ, сарбозони Ватан шеърхонӣ карданд ва гуруҳе тасаввуроти худ дар ин мавзуъро дар пораҳои коғаш наққошӣ карданд.
Он чӣ навиштанду кашиданду гуфтанд, бархоста аз қалби ҷвҷонашон буд. Мураббиён низ ба дониши онҳо донишҳои нав зам карданд ва аз таърихи Артиши миллии кишвар, саҳти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди артиши миллӣ нақл карданд.
Онҳо гуфтанд, ки сарбоз будан ин маънои онро дорад, ки шахс дар ҳифозати марзу бум аз душманон ҳиссагузор аст.
Наққошиҳои хонандагонро мураббиён арзёбӣ карданд. Дида шуд, ки тасвирҳо мувофиқат ба асле доранд, ки ин хонанда тасаввур мекунад.