Хатми боз як давраи омӯзишӣ барои китобдорон дар Китобхонаи миллӣ

Имруз хатмкунандагони давраи омӯзишии китобдорӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм шуданд. Гадобек Маҳмудов-ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ баъди як суханронии кутоҳ дар бораи ҳадафҳои давраи хатмшудаи омӯзишӣ дар ҳузури меҳмонон аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Ш.Акобиров, А.Наҷмиддинов, С.Эгамбердиев, М.Шарифов ва Ҷ.Намозов ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳо супорид.

Дар курси мазкур як гурўҳ кормандони китобхонаҳо ва Маркази такмили ихтисоси соҳаи маориф аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе аз руи барномаи «Фаъолияти китобдорӣ- иттилотӣ» дар ҳаҷми 62 соат таҳсил карданд.

Дар барнома ширкаткунандагон маълумотҳо дар бораи “Санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ оид ба соҳаи китобдорӣ”, “Ҳуҷҷатнигорӣ дар соҳаи китобдорӣ”, “Фароҳамоварӣ ва такмили фонди китобхона”, “Раванди ҷобаҷогузории фонди китобхона”, “Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ ва Таснифоти китобхонавӣ- библиографӣ”, “Нигоҳдории фонди китоб”, “Системаи феҳристу картотекаҳо, намуд ва шаклҳои он”, “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо”, “Услуби ташкили захираи электронии фонди китобхона” ва “Раванди таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо”-ро аз худ карданд.

Омўзиши ин барнома ба китобдорон имкон медиҳад, ки оид ба таърих, давраҳои инкишоф, мазмуну мундариҷаи фонд, фаъолияти шуъбаву бахшҳо, сохтори дасгоҳи маълумотдиҳӣ- библиографӣ, низоми худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ, илмӣ-методӣ тассавурот пайдо намоянд.

Инчуни шунавандагони курс аз чандин шуъбаҳои Китобхона, аз ҷумла, Маркази такмили ихтисос, Такмили адабиёт, Коркарди адабиёт, Шуъбаи нигоҳдории китоб, Шуъбаи феҳристнигорӣ, Шуъбаи библиография миллӣ, Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, Шуъбаи автоматикунонӣ раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, Шуъбаи матбуоти даврӣ, Шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ дидан карда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.    

Ҷамшед Қурбонов,
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: