Хатми ду давраи омӯзишии дигар барои кормандони Китобхонаи миллӣ

Боз 43 нафар хатмкунандагони ду давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ шуданд. Ин ду омӯзиш аз моҳи феврали соли равон оғоз шуда буд ва охири моҳи июн ба анҷом расид.

Дар Маркази такмили ихтисос бо иштироки кормандони Китобхонаи миллии  Тоҷикистон ду курси бозомўзӣ: «Асосҳои лоиҳасозӣ» (шурӯъ аз 6 феврали соли равон) ва «Феҳристнигорӣ» (оғоз аз 14-уми феврали ҳамин) ба анҷом расид ва бо ҳузури Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом мирализода ширкаткунандагонаш соҳиди шаҳодатномаҳо шуданд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба 43 нафар хатмкардагони ин ду давраи омӯзишӣ шаҳодатномаҳои тахассусӣ супурд.

Гуфтанист, ки шунавандагони фанни «Асосҳои лоиҳасозӣ»,  ки асосан мудирони шуъбаҳо ва мутахасисони ҷавон буданд, тавассути дарсҳои лексионӣ, машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона асосҳои методологӣ ва омилҳои таъсирбахш ба лоиҳаҳои  иҷтимоӣ, гуногунии лоиҳаҳо, интихоби мавзўъ ва соҳа, Муайян намудани захираҳои мавҷуда, омўзиш ва таҳлили самтҳои асосии фаъолият ва вазъи таъминот ва мушкилоти мавҷудаи соҳавӣ, таҳияи барномаи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, таҳлили фаслҳои лоиҳаи иҷтимоӣ ва асосноккунии он, маълумоти умумӣ дар бораи лоиҳа, мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, талабот ба таҳҷизоти муосир яке аз ҷараёнҳои асосноккунии лоиҳаро омӯхтанд.

Тасвир ва нақшаи ниҳоии лоиҳа, пешниҳоди тахминии эҳтимолияти хизматрасониҳое, ки баъди тадбиқи лоиҳа амалӣ мегарданд, саҳми муассиса дар лоиҳа, муайян намудани зарурати муассиса ба мавод ва таҳҷизот ва захоири меҳнатӣ барои ҷалби маблағ, таҳияи буҷаи лоиҳа ва асосноккунии он, ороиши лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои расмӣ барои пешниҳоди онро низ мавриди омӯзиш қарор доданд. 

Курси бозомўзи «Феҳристнигорӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” (аз 1 августи соли 2003), аҳамияти феҳристи китобхонавӣ, нақши феҳрист дар кори китобдорӣ, шакл ва намудҳои феҳрист, услуби созмондиҳи феҳристи алифбоӣ, тарзи таҳияи феҳристи алифбоӣ, назарияи таснифоти асарҳои чопӣ, Феҳристи мураттаби ва ташкили он, тарзи созмондиҳии феҳристи мураттабӣ, мафҳуми умумии феҳристи мураттабӣ, мафҳуми феҳристи предметӣ, феҳристи хизматӣ ва нақшаи он, аҳамият ва нақшаи феҳристи хизматӣ, омўзиш ва тарғиби феҳрист, феҳриси электронӣ, таҳрири феҳристи алифбоӣ, таҳрири феҳристи мураттабӣ, таҳрири феҳристи предметиро дар бар мегирифт.

Ҷамшед Қурбонов,
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: