“Номаҳои меҳргонӣ” аз чоп баромад

Файласуфи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар китоби «Наврўзи оламафрўз ва дигар идҳои суннатии сол» рисолае таълиф кардааст, бо унвони «Меҳргон», ки дар он дар заминаи тадқиқи осори таърихию мардумшиносӣ, дар бораи пайванди Наврўз бо Меҳргон, чигунагии таҷлили ин ду ҷашни бостонӣ дар замони ҳукмронии сулолаи шоҳони ориёитабор, суннатҳои халқии ҷашни Меҳргон, хусусан Меҳргони хоса ва омма, маълумоти аниқу дақиқ медиҳад. Андешаҳои ў дар бораи салтанати сулолаи Сосониён ва қабули ҳадоё, суфраи хоси Меҳргон ва тарзи оростани он, мақоми Бобо деҳқон, ҳамчун ҳомию нигаҳдорандаи кишоварзон, дар бобати зинда гардонидани анъанаҳои Меҳргон ва тамоюли халқии он, қобили мулоҳиза мебошад. Мусаннифи рисола дар заминаи маълумоти Анна Красноволская дар китоби «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири солшумории эронӣ» чунин менависад:  Пеш аз ғалларо ба анборҳо интиқол додан, миқдоре аз онро ба унвони Бобо деҳқон ҷудо мекарданд ва онро ба  ниёзмандону мустамандон медоданд. Ҳатто миқдоре аз ғалладонаро барои парандагон ҷудо мекарданд.

Шоир ва муҳаққиқи Ҳисори Шодмон Султонмуроди Одина, бо унвони «Меҳргон. Таърих ва анъанаҳои иди Меҳргон», китобе таълиф кардааст, ки онро нашриёти «Ирфон» соли 2012 интишор намуд. Чуноне ки аз бобҳои асар бармеояд, «Меҳргон чӣ маънӣ дорад?», «Иди Меҳргон кай пайдо шудааст?», «Меҳргон чӣ гуна ид аст?», «Анъанаҳои иди Меҳргон», «Наврўз бузург аст ё Меҳргон?», «Меҳргон дар каҷроҳаҳои таърих», «Меҳргон дар адабиёт ва санъат», асар барои хонандагони омма, хусусан мактаббачагон, омўзгорон, ходимони фарҳанг пешбинӣ гардида, хусусияти тарбиявӣ, таълимӣ дорад. Бо чунин мақсад сенарияи хурде бо номи «Тартиби гузаронидани иди Меҳргон. Тавсияҳо» ҳам иншо гардидааст, ки барои таҷлили ин иди бостонӣ дар мактаб, донишкада ва муассисаю идораҳо ёрии амалӣ мерасонад. «Меҳргон» дар бобати ба тарзи оммавӣ гузаронидани ҷашн ва маълумоти аниқу дақиқ пайдо кардани наврасону ҷавонон, ки ба тарзи «Намунаи саволҳо оид ба иди Меҳргон», «Барои викторинаҳо» ва «Ҷавоби саволҳои викторина» таҳия гардидааст, шавқовар менамояд.

Ин ҳамаро метавон аз китоби тозанашри муҳаққиқи тоҷик Ҳасан Муҳаммадӣ хонд, ки ахиран бо ибтикори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо номи “Номаҳои меҳргонӣ” дар нашриёти “Аржанг чоп шудааст.

Муаллиф асарашро Рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва сенарияи намунавии ҷашни Меҳргон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номидааст.

Муҳаррир Шариф Комилзода ва муқарриз Дилшод Раҳимов мебошад.

Дар китоб хонанда ба ҷуз ин ки бо таърихи Меҳргон ошно шавад, боз сенарияҳои хубу ҷолиб барои намоишҳо ва чорабиниҳои ҷашнӣ ва баргузидаи ашъори бузургон дар васфи Меҳргонро низ метавонад мутолиа намояд.

Шакли электронии китоб: Номаҳои меҳргонӣ

Юлчибой Мусоев
Акс аз “Ховар”

Барчаспҳо: