Китобхонаҳои нодири олам

Меъморон аз замонҳои қадим барои тарҳҳои зебову ҷолиб талош мекарданд ва имрӯз низ ин анъанаи қадимиён боқист. Аз ҷумла дар сохтусози китобхонаҳои олам ҳазорон нақшу нигори нотакрор ва тарҳҳои ҷолибро метавон дид, ки касро ба ҳайрат меоранд. Бидуни шак, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ ҳамин гуна як тарҳи нотакрори китобхонаҳои олам аст. Ин ҷо хостем дар бораи таъзе китобхонаҳо, ки аз нигоҳи меъморӣ ҷолибу диданианд, сухан ронем.

Китобхона аз шиша

Сингапур на танҳо дар соҳаи саноат ва маориф, балки дар санъати меъморӣ низ пешсаф аст. Яке аз биноҳои зебову замонавии ин кишвар китобхонаи шишагини он мебошад. Ин меъмории аҷиб аз ҷониби ширкати «LOOKarchitects» таҳия шудааст.

Ин китобхонаи ҷамъиятӣ аз зумраи биноҳои зебои шаҳри Сингапур буда, дар дохили он толорҳои махсус барои муҳокимаи асарҳо, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхонаву қаҳвахона  ҷой дода шудаанд. Боми он аз шиша рўйпўш гардида, нурро дар дохили бино меафзояд. Китобхонаи шишагӣ бо дурахши рангҳои гуногун барои аҳли қалам ва ташнагони илм фароғат бахшида, муҳити эҷодро муҳайё мегардонад.

Китобхона ё меҳмонхона

Дар соҳили Паненгаи ҷазираи Самуи Тайланд бинои китобхонаи боҳашамату ғайриодӣ қомат афрохтааст. Ин шоҳкори меъмориро, ки «The Libraru Resort» ном дорад, бинандаҳо на танҳо ҳамчун китобхонаи муқаррарӣ, балки чун яке аз меҳмонхонаҳои Тайланд қабул кардаанд.

Дар паҳнои Ра

Имрўз китобхонаи Искандарияи Миср яке аз китобхонаҳои ғайриодиву нодире мебошад, ки бо намуди худ ҳар бинандаро мафтун месозад. Соли 2002 дар ҷойи китобхонаи машҳури Искандария, ки қариб 2000 сол пеш аз байн рафта буд, китобхонаи нав дарҳои худро ба рўйи ҳаводорони китоб боз намуд. Бинои китобхона байни ҳавзи калон дар шакли доира, бо арзиши 238 миллион доллар сохта шуд.

Иморат тулўи Офтоб ва Худои мисри қадим Раро таҷассум мекунад. Масоҳати толори асосии он 70 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин макони илму ирфон зиёда аз 8 миллион номгўи асарҳои машҳури олам гирд оварда шудаанд. Чизи дигаре, ки диққати ҳар тамошобинро ҷалб мекунад, ин деворҳои сангини толорҳои хониш аст, ки дар рўйи онҳо ҳарфу рақамҳои рамзии 120 забони олам ҳаққоқӣ шудааст. Ин шоҳкории меъмориро кормандони китобхона чун муқаддасот эҳтиёт ва ҳимоя мекунанд.

Рамзи хираду ҳикмат

Соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ бо тарҳу симои замонавӣ дарҳои худро ба рўйи ҳаводорони олами китоб боз намуд. Ин шоҳкории меъморӣ чун бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ эътироф гардидааст. Китобхона дорои 25 толори хониш  барои 1500 ҷойи нишаст, 28 махзан барои  нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ мебошад.

Қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд.  Саҳни бинои Китобхонаро 22 нимпайкараи фарзандони фарзонаи бузурги миллати тоҷик, ки дар масири таърих парчами озодиву истиқлол, донишу маърифат ва адабиёту фарҳангро баланд афрохтаанд, шукўҳу шаҳомати хоса бахшидаанд.

Китобхонаи миллӣ хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки шахс дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ берун намеояд. Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе  мебошад, ки муштариён барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънавӣ меравад.

 Китобхона мисли бўстонсароест, ки хонанда дар он дохил гардида, аз гузаштаи дури таърих то имрўз  сайёҳат менамояд, аз гулу меваҳои пухтарасидаи маънӣ шаҳдком мешавад  ва ҳаловат мегирад. Китобхонаи миллӣ хонандаро ба манзили умеду мақсуд мерасонад.

Шахс ҳар гоҳ, ки ба ин коҳи маънӣ по мегузорад, фикрҳои нопухтаю норасидаи худро, ки дар атрофи майнаи сар парвоз менамоянд, ба даст гирифта, аз пайи парваришу тарбия карданашон мешавад. Маҳз китобхона ҳаст, ки одамон бо асосҳои дониш мусаллаҳ мешаванд, ба касбу ҳунарҳо дилгарм рафтор менамоянд.

Ҷашну тантанаи бисёр олимону адибони тоҷик, конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалидошта дар ин қасри  мўҳташам қариб, ки ҳар рўз гузаронида мешавад. Яъне китобхона ҷойе ҳаст, мо ба он аз баҳри зиёрати китобҳои нодир рафта, шуълабор бармегардем, сипас бо шуоъҳои олами хуфтаро бедору дурахшон мегардонем.

Пешрафти инсоният аз китобу китобхонаҳост, ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами сайёраи азизамон бошад. Китобхонаҳои олам алҳол муқаддастарин сарманзилҳои маърифатанд, ки мо дар он ворид гардида, нури илоҳӣ афрўхта, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро нурафзўн мегардонем.

Муҳаммадшариф Каримов,
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: