Ифтитоҳи давраи омӯзишии такмили ихтисос барои мутахассисони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Имрӯз, 25-уми август бо иштирок ва суханронии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини директор Гадобек Маҳмудов курси такмили ихтисос барои мутахассисони  навомўзи Китобхона аз рўйи барномаи  “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” дар ҳаҷми 36 соат ифтитоҳ гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ дар суханони ифтитоҳии худ зикр кард, ки  дар Китобхона барои гузаронидани ҳама гуна курсҳои тахасусӣ доир ба фаъолияти китобдорӣ шароит фароҳам оварда шудааст ва барои баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ аз мутахассисон то сардорони шуъба ба бозомўзӣ ҷалб карда мешаванд.

Профессор Ҷумахон Файзализода ҳамчунин иброз дошт, ки вобаста ба тағйирёбии шаклу намудҳои муосири кор бо истифодабарандагон, талабот нисбат ба мутахассисони соҳаи китобдорӣ дар самти таъмини ягонагии рушди касбӣ ва шахсии  китобдорон беш аз пеш меафзояд. Барномаи таълиме, ки роҳандозӣ гардидааст, дар заминаи тавсифи касби «Китобдор» барои кормандони навомўз таҳия гардида, имкон медиҳад, ки дониши соҳавии кормандони Китобхонаи миллӣ тақвият ёфта, сифати хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар суханронии худ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ин давраи омӯзишӣ таълими асосҳои дониши касбӣ барои мутахассисон ва муносибгардонии раванди омўзиши хусусиятҳои фаъолияти китобхона ва шаклу усулҳои муосири кор бо истифодабарандагон мебошад.

Саидзода Исмоил

Мутахассиси пешбари

Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: