“Бонувон дар сиёсат”

 Ин китоб шуморо бо ҳаёт ва фаъолияти занони сарвари замони Истиқлолияти кишвар ошно месозад. Онҳо дар давраҳои гуногун рушди кишвар вазифаҳои пурмасъулро  бар уҳда доштанд ва имрўз ҳам барои ободиву шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд. Муаллифон талош кардаанд, ки ҷавондухтарон дар бораи занони сиёсатмадор на танҳо маълумот гиранд, ҳамчунин, барои расидан ба дараҷаи онҳо саъю кўшиш намоянд. Ба гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус:

 Агар гўӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

 В-агар гўӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

 Дар муқаддима омадаст: “Иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар солҳои охир ба марҳилаи нав расидааст. Хушбахтии мо-занон аст, ки дар ин аём зиндагӣ ва фаъолият дорем. Ҳаёт ва шаҳомати имрўза маҳсули муборизаҳои зиёд аст. Ба таърихи ҳаракати занон таваҷҷуҳ менамоем. Ҳанўз 150 сол пеш дар бораи интихоби зан ба мансаби Президентӣ, сарвазир ё вазири мудофиа афсонаро мемонду бас. Шояд дар гўшаи хаёл ҳам набуд, ки замоне фаро мерасад ва занон дар мақоми роҳбарият 50 фоизи мансабҳои давлатиро  соҳиб мешаванд. Бигзор на дар ҳама ҷойи дунё. Лекин  ин нишондиҳандаҳо беасос будани ҳама гуна андешаҳои «зан-заиф»,  «занон-камтаҷриба», «занон-эҳсосотӣ»-ро исбот мекунанд. Хусусан, дар кишварҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ аз нигоҳи маълумотҳои оморӣ пешрафти иқтисодӣ, зиндагии шоистаи аҳолӣ бақайд гирифта шудааст. Дар замони мардсолорӣ ва дар сиёсати дунёи мардона чун лидерони ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

  Дар ин раванд мутаассифона, кишварҳои исломӣ нишондиҳандаи паст доранд,  ҳарчанд ба монанди Беназир Бҳутто намунаҳои рўшани сарварии занон мавҷуд аст”.

  Барои кишварҳои Иттиҳоди Шўравӣ иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ дарк ва мафҳуми дигар дошт. Дар зинаҳои миёнаи давлатдорӣ занон қувваи ҳаракатдиҳанда ба ҳисоб мерафтанд. Бештари занон дар соҳаи идеологӣ кор мекарданд. Аз ҳисоби занон ҳам кайҳонаварду ҳам қаҳрамонони меҳнат, ҳам сафиру ҳам депутат буданд. Духтарони ҷавон идеалҳои худро доштанд, ба монанди Клара Сеткина, Надежда Крупская, Зоя  Космодемянская, Любов Швесова, Валентина Терешкова, Светлана Савитская. Лекин дар арсаи сиёсат агар ба ҳайати миқдории аъзоёни Бюрои сиёсии ҲКИШ СССР нигоҳ кунем, симои занон намудор набуд. Бюрои Сиёсии ҲКИШ СССР мақоми олии сиёсӣ буда, ба давлат роҳбарӣ мекард. Дар замони Шўравӣ одатан сурати аъзои Бюрои Сиёсии ҲКИШ дар муассисаю мактабҳо, корхонаҳо овезон мешуданд ва дар намоишҳои идона дар дасти мардум буданд.

  Дар таърихи 70 сол танҳо як зан – Е. Фурсева узви Бюрои Сиёсӣ буд. Вазирзанон низ дар замони Шўравӣ дар солҳои гуногун ангуштшумор буданд. Ҳамагӣ дар тамоми муддати Иттиҳоди Шўравӣ 4 вазирзан адои вазифа намудааст.

  Аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918 Калонтай Комиссари халқӣ  оид ба муҷозоти  давлатӣ ва сипас, сафири Иттиҳоди Шўравӣ (Народный комиссариат государственного призрения) фаъолият намудааст, моҳҳои январ-ноябри соли 1939 Полина Жемчужина  Комиссари халқӣ оид ба саноати моҳидорӣ ва аз марти соли 1954 то январи соли 1959 Мария Дмитриевна Ковригина Вазири тандурустӣ, аз ҳама зиёдтар дар солҳои 1960-1974 Фурсева Екатерина  - Вазири  фарҳанги Иттиҳоди Шўравӣ шуда фаъолият намудааст.

  Дар сатҳи баланди роҳбарии замони Шўравӣ 0,5% занон буданду бас. Дар Тоҷикистон Шўравӣ шумораи вазирзанон низ ангуштшумор буданд. Чунончӣ, соли 1928 – Уғулой Шамсиддинова – аввалин Вазири маориф, 1950-1953 Қосимова  Мунаввара – Вазири саноати сабук, солҳои 1954-1957 Вазири саноати хўрокворӣ, солҳои 1960-1978 Раҳимова Анзурат- Вазири таъминоти иҷтимоии РСС Тоҷикистон, солҳои 1954-1957 Таирова Ҳамро Зоировна  Вазири сохтмони шаҳрӣ ва деҳот, солҳои 1957-1961 Вазири сохтмон ва феврали соли 1985- августи 1990 Гулнора Пўлодова – Вазири тандурустӣ шуда кор кардааст.  

   Бинобар ин, дар Тоҷикистон Шўравӣ  нисбат ба номи вазирзанон – ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ба монанди Махфират Каримова, Низорамоҳ Зарипова,, Ибодат Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Биҳоҷал Раҳимова ва Рафиқа Мўсоева барои насли мо шиносу намунаи ибрат буданд.

  Аксарияти онҳо ҳамчун котиби идеологии КМҲК – и Тоҷикистон узви Бюрои КМҲК Тоҷикистон буданд. Ҳатто боиси ифтихор буд, ки Биҳоҷал Раҳимова дар замони бозсозӣ муовини сарвазири СССР интихоб гардида буд, ки мақоми баландтарини занони ин минтақа эътироф гардидааст.  

Хулоса, китоби Бонувон дар сиёсат”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед ва дар бораи машҳуртарин бонувони сиёсатмадори кишвар маълумот пайдо кунед.

Таҳияи Фирўза  Маҳмадҷонова,

мутахассиси Марказ такмили ихтисос.

 

 
Барчаспҳо: