Чаро мо таҷрибаи библиографии гузаштагонамонро истифода накардем?

Библиографияи адабии тоҷик, чуноне таъкид шуд, библиографияи мустақил аст. Библиографияи давраи шўравӣ бо ёрии библиографияи рус ва дигар халқҳои ИҶШС ба воя расид. Таҷрибаи бойи библиографияи рус суръати пешравии библиографии моро тезонид. Аммо таҳлили дастурҳо, муносибати библиографон дар ҳалли масоили ҷудогона аз эҷодкорона истифода шудани ин таҷрибаи пешқадам шаҳодат медиҳад. Ба ҳисоб гирифтани хусусияти адабиёти тоҷик, шароити маҳаллӣ ба такмилу беҳшавии услуби танзими ин ё он шакли дастурҳои библиографӣ анҷомид. Яъне библиографияи адабии тоҷик дар ҷараёни рушди худ назария ва таҷрибаи библиографияи русро васеъ истифода кард ва аз ҷониби дигар худи ин библиография, масалан, дар ҳалли як қатор проблемаҳои махсус: дузабонагии дастурҳои библиографӣ, хостагирии адабиёти ба ҳуруфоти гуногун чопшуда ва амсоли инҳо ба сифати намуна хидмат кард.

Библиографияи шўравии рус, чуноне маълум аст, аз таҷрибаи ниҳоят бою рангини библиографияи тоинқилобӣ ҳамаҷониба истифода намуд, яъне байни библиографияи шўравию тоинқилобии рус ҳамеша робитаи муайян вуҷуд дошт. Ин ҷо ҳиссаи намоёни библиографони пешазинқилобии рус В. С. Сопиков, В. Г. Анастасевич, В. И. Межов, С. А. Венгеров ва дигаронро иброз бояд кард.

Библиографияи давраи шўравии тоҷик роҳи дигарро пеш гирифт. Ин библиография ибтидои хешро танҳо дар солҳои 20 – 30 асри бист оғоз мекунад. Чаро ин тавр шуд? Чаро адабиёти форсу тоҷик мероси беш аз ҳазорсоларо доро асту библиографияи ҳамин адабиёт бидуни мерос мондааст?

Ҳоло ки хеле дорою рангин будани асарҳои библиографии тоинқилобии мо собит шудааст, ба тарзи дигар гузоштани ин суолро мусаллам медонем: Чӣ боис шуд, ки мо таҷрибаи библиографии гузаштагонамонро истифода накардем? Бале, маҳз дар чунин шакл гузоштани суол дуруст аст ва ба он ҷавоби мувофиқ овардан мумкин.

Иллати ин кор хеле бисёр аст. Ин ҷо мо онҳоро ба се гурўҳ тақсим мекунем: Аввало, дастурҳои библиографияи тоинқилобӣ ё дар коллексияҳои хусусию ҷамъиятӣ ҳифз шудаанд ва ё бо сабабе аз байн рафтаанд. Дуюм, то солҳои 30 – юми асри ХХ дар ҷумҳурӣ кадрҳои миллии соҳибихтисос ва марказҳои библиографие набуданд, ки ҳамин таҷрибаи библиографии тоинқилобиро аз назари танқид азхуд намоянд: Сеюм, имрўз ҳам асари илмие ба миён наомадааст, ки дар он мероси библиографии гузаштагонамон таҳлилу таъмим шуда бошанд.

Дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ Тоҷикистон дар риштаҳои иқтисодию фарҳангӣ комёбиҳои назаррас ба даст овард. Ин пешравиҳо ба рушди библиография такон дод. Дар ин бобат ташкил ёфтани нашриётҳо, марказҳои библиографӣ хеле муҳим буд. Чунончи, Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) ва Палатаи давлатии китобҳои ҶШС Тоҷикистон (Хонаи китобҳои Тоҷикистон) аз рўзҳои таъсисёбиашон ба танзими дастурҳои библиографӣ шуруъ кардаанд.

Вусъатёбии мунтазами маҷмўи китобхонаҳои оммавию илмӣ низ ба инкишофи библиография мусоидат кард. Масалан, Китобхонаи илмии марказии АИ ҶШС Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии тиббӣ ба марказҳои ҳақиқии библиографияи соҳавӣ табдил ёфтанд.

Дар замони мо библиографияи адабии тоҷик аз библиографияи умумӣ ҷудо гардида, ҳамчун риштаи мустақил инкишоф меёбад. Ин муваффақияти чашмрас аст. Аммо тафриқаи библиографияи адабӣ бо ҷараёни тўлонии ташаккули системи мухталифи дастурҳои библиографӣ ҳамроҳ буд. Агар дар солҳои 20 – 30- юми асри ХХ танҳо чопи рўйхати китобҳои нав вахулосаҳои библиографӣ имконпазир бошад, алҳол библиографони ҷумҳурӣ дар ихтиёри худ дастурҳои басе калонҳаҷми библиографиро доранд, ки онҳо на танҳо барои хонандагони тоҷик, балки барои хонандагони хориҷа низ пурқиматанд...

Иқтибосе буд аз китоби  Р.Шарофов  “Библиографияи адабии тоҷик”, ки соли 2014 чоп шудааст. Ин китоби дарсӣ буда, барои факултаҳои китобдорӣ ва  иттилоотшиносӣ навишта шудааст. Китобро шумо метавонед дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ суроғ ва мутолиа намоед.

Таҳияи Мавзуна Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: