Рушди китобхонаи электронӣ дар ҷумҳурӣ ва такмили дониши касбии китобдорон

Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисон соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд. Табиист, ки китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамоял. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои китобхона ногузир аст.

Алалхусус, баробари китобҳои чопӣ арзи вуҷуд кардани китобхонаи электронӣ тағироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир – алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва гайра баробари иқтисоду ичтимоиёт маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд.

Бунёди китобхонаи электронӣ таърихи тўлонӣ надорад. Он дар Аврупою Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ибтидои солҳои 90 – уми қарни гузашта ва дар Русия оғози қарни XXI пайдо щуда, раванди ташаккули он дар ҷараён аст. Бовуҷуди баъзе мушкилоти техникию технологӣ ва ҳуқуқӣ ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси таъсиси китобхонаи электронӣ мураттаб мегардад.

Ҷорӣ намудани технологияи асноди элктронӣ, пешгирии ҳолатҳои воридшавии ғайриқонунӣ ба хазинаҳои рақамӣ, таҳияи низоми назоратӣ ҷиҳати дасёбӣ ба асноди электронӣ, таъмини бехатарии дарозмўҳлати хазина, ҷорӣ намудан технологияи ҳифозоти асноди электронӣ аз вазоифи умдаи ҳалталаб маҳсуб меёбад. Бар изофа масоили вобаста ба ҳуқуқи муаллиф ба асноди электронӣ низ хеле муҳиманд, зеро бе мувофиқа бо муаллиф дар захираи электронӣ ҷой додани мавод метавонад, ки мушкили эҷод кунад. Муайян намудани арзиши истифодаи китобхонаи электронӣ ба дастёбии озодонаву оммавии иттилоот мусоидат хоҳад кард. Ба ин маънӣ, бе пояҳои мустаҳками моддию техникӣ наметавон ба бунёди китобхонаи электронӣ даст ёфт.

Дар қарни технологияи нав баробари қонеъ гардондани эҳтиёҷоти хонандагон ба китоби чопӣ бо истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ ташкили хазинаи китобхонаи электронӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Мусалламан, муваффақият дар ин самт замоне даст медиҳад, ки китобдор технологияи муосирро дар фаъолияташ ба хубӣ истифода намояд, аз дастовардҳои он бохабар бошад ва майлу рағбати муштариёнро баҳри фоида бурдан аз китобхонаи электронӣ равона созад. Яқину бадеҳист, ки бе техникаю таҷҳизоти навин, бе заминаи мусоиди иқтисодӣ, бе барномаи мукаммалу фарогир, бе корбасти таҷрибаю дастоварди дигарон, бе дониш фаҳмиши фарогир, бе тарбияи ҳадафманди мутахассисон, бе заҳмати ҳамагонӣ тарҳандозию амалигардонии он ғайриимкон аст.

Китобхонаи электронӣ низоми нави дастёбӣ ба захираи иттилоотист, ки ба беҳбуди хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд ва он дар канори китобхонаи анъанавӣ ба раванди хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Китобхонаи электронӣ новобаста аз вақту реҷаи корӣ хизматрасонии доимиро ба муштариён таъмин ва аз хазина ва китобхонаҳои дигар иттилоот дастрас менамояд, сарфи назар аз макони истиқомат ва ҷойи кори истифодабаранда мухторияти макони нигаҳдории нашрияҳоро таъмин месозад.

Китобхонаи электронӣ дар татбиқи низоми автоматикунонии раванди китобдорӣ – иттилоотӣ, созмон додани дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ афзалият дорад. Он имкон медиҳад, ки хонанда мустақилона ба хазинаҳои электронӣ даст ёбад. Технологияи коммуникатсионӣ шароитро ба вуҷуд меорад, ки муштарӣ аз масофаи дур захираи иттилооти мавриди ниёзашро истифода барад.

Изофатан, дарёфту пажўҳиши китобҳои электронӣ вақти зиёдро тақозо намекунад ва аз лиҳози иқтисодӣ низ судманд аст. Шояд замоне фаро рассад, ки муассисаҳои табъу нашр баробари китобҳои чопӣ нашри китобҳои электрониро низ ба роҳ андозанд. Собит гардидааст, ки нархи як нусха китоби чопӣ аз диски китоби электронӣ то даҳ баробар гаронтар аст, ба илова теъдоди китоби чопӣ маъмулан аз 1000-2000 боло намеравад, ҳол он, ки диски китоби электронӣ то 20-30 ҳазор нусха бо нархи ҳар яке 2-3 сомонӣ метавонад тез ба фурўш равад.

Мутаассифона, нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки гўё бо ташаккули китобхонаи электронӣ китобхонаи анъанавӣ (муқаррарӣ) мақомашро аз даст дода, тадриҷан аз байн меравад. Ин андеша комилан ғалат аст. Китоб ва китобхонаи анъанавӣ таърихи чандҳазорсола доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз боду борони рўзгор газанд нахоҳанд ёфт. Имрўз дар кишварҳои пешрафта, ки китобхонаи электронӣ аллакай ҷойгоҳашро дарёфтааст, нашри китобҳои чопӣ кам намешавад ва ҳамоно муштариён аз онҳо чун пешин истифода мебаранд.

Имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои шароит ва имконияти хуби техникию технологӣ мебошад. Он баробари иҷрои рисолати асосии худ – ҳифзу нигаҳдории маводи интишоротӣ ва конеъ гардонидани талаботи хонандагон ба адабиёти зарурӣ чун маркази тавлиду коркард, ҳифз ва тарғибу ташвиқи манобеъи электронии иттилоотӣ ба муштариён хидмат менамояд. Феълан нашрҳои электронии Китобхона дар ҳоли афзоишанд ва роғибон аз онҳо баҳра мебардоранд. Роҳбарияти ин махзани маърифат ба тарбияи мутахассисони соҳа ва технологияи муосири иттилоотӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир менамоянд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон имкони фарох дорад, ки дар ҷумҳурӣ шабакаи ягонаи иттилоотии электрониро созмон дода, дар ҳалли мушкилоти техникию технологӣ ва ҳуқуқӣ ба корхонаю муассисаҳои марбута мадад расонад. Бо кўмак ва дастгириҳои роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва расонидани ёрии методӣ дар китобхонаҳои ноҳияҳои Совет, Балҷувон, Ховалинг, Данғара ва  ш.Норакӣ вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи Марказ Нуробод, Рахш, Тоҷикобод, Лахш ва ш .Роғун китобҳои электронӣ аз ҷониби кормандони КМТ тўҳфа намуданд. Китобхонаҳои ноҳияҳои номбурда ба мутахассисони технологияи муосири иттилоотӣ ва такмили ихтисоси китобдорон ва бозомӯзии онҳо эҳтиёҷ доранд. 

Ҳоло китобхонаи электронӣ комат рост мекунад, хазинааш такмил меёбад, нусхабардории маводи электронӣ ва ба хазинаи асосӣ ворид намудани он баҳри қонеъ гардонидани талаботи хонандагон, ҳамчун таҳияю интишори китобхонаю дигар матолиб ва ҳатто созмондиҳию баргузории чорабиниҳо мусоидат менамояд. Дар ин замина таҳияи феҳристҳои электронӣ аҳамият дорад, ба ин васила муштарӣ ба мазмуну мундариҷаи хазинаи электронӣ ошно гардида, дар толорҳои махсусгардонидашуда аз он баҳра мебардорад. Ин ҷо тарҳрезии барномаҳои бунёди таваққуфгоҳҳои автоматикунидашудаи корӣ ва ҳамоҳнгсозии фаъолияти онҳо дар захираи ягона муҳим аст. Онҳо имкон медиҳанд, ки муштариён ба кулли манбаъҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.

М.Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: