Мулоқоти хонандагон бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо
Нашр шуд 2018-04-30 14:46
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони Маркази такмили ихтисос баъд аз зўҳри рўзи 27 апрел махфили адабӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо доир гардид.
Маҳфилро муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ифтитоҳ кард ва дар бораи хизматҳои адиби барӯманд дар рушду инкишофи адабиёти муосири тоҷик чанд ҳарфи самимӣ гуфт. Вай ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиронро ба он ҷалб кард, ки кулли китобҳои устод Кароматуллоҳ Мирзоро метавонанд аз бойгонии Китобхонаи миллӣ пайдо кард.
Дар маҳфил адибони шинохтаи тоҷик Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад ва адабиётшиноси маъруф Мисбоҳиддин Назриқул актиёри драма ва кино Асламшои Раҳматулло ширкат ва суханронӣ карданд.
Кароматуллоҳи Мирзо аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар аст, ки бо повесту романҳои мондагораш ба дили ҳазорҳо алоқамандони каломи бадеъ роҳ ёфтааст. Аввалин китоби адиб, ки роҳашро ба адабиёт рушан кард “Ситораи умед” буд, ки соли 1980 рӯйи чоп омад. Ва баъдан яке паси дигар асарҳои ӯ ба чоп расиданд. Аз ҷумла, «Маоши аввал» (соли 1982), «Шабе дар Кабудҷар» (соли 1984), «Дарди ишқ» (соли 1986), «Суруди муҳаббат» (соли 1988), «Дар орзуи падар» (соли 1989), «Нишони зиндагӣ» (соли 1993), «Ситораҳои паси абр» (соли 2005), «Зиндагӣ ҳам нафасе» (соли 2014) ва романҳои «Дар орзуи падар» (Иборат аз се ҷилд, соли 2010) ва «Марги бегуноҳ (соли 2012), «Моҷарои зиндагӣ», маҷаллаи «Садои Шарқ» № 5,6, 2016 ва «Деҳаро хоб мебинам» (соли 2014) в ағайра.
Киностудияи «Тоҷикфилм» дар замони Шўравӣ аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рўи қиссаи «Дарди ишқ» бо ҳамин ном филми ҷолибе ба навор гирифт, ки имрўз низ тамошобинон онро меписанданд.
Дар асоси роман-трилогияи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат силсилафилми ҷолиби ҳамном офарида шудааст, ки он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар мамолики ҳамзабони мо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маъруфияту маҳбубияти хосе пайдо кардааст. Вобаста ба мавзўи романи «Марги бегуноҳ» (6 қисм) ва қиссаи «Нишони зиндагӣ» (4 қисм) ва ҳикояти «Меҳри модар» силсилафилмҳо таҳия гаштаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо имрўз аз адибони маъруф, серхонанда ва тавоною пурмаҳсули тоҷик маҳсуб меёбад. Асарҳои ў ба бисёр забонҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ба забони русӣ, туркманӣ, чехӣ (тарҷумон Иржи Бечка), ўзбекӣ, олмонӣ баргардон шудаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи мукофоти давлатии ба номи А.Рўдакии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷа, узви Хазина сулҳи Тоҷикистон, раиси комиссияи мукофоти журналистони ҷумҳурӣ ба номи А.Лоҳутӣ, раиси бахши Шурои очерку публисистика, Шурои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви ҳайати таҳририяи чандин рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррири нашрияи “Адабиёт ва санъат” фаъолият кардаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо бо унвонҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардида, барандаи Ҷойизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рўдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад. Дорандаи ордени «Шараф», Ҷойизаи адабии ба номи Л.Н.Толстой, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ аст.
Муҳаммадшариф Каримов,
Маркази такмили ихтисос
Аксҳои Хусрави Милод