Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази илмӣ-методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ

Китобхона дорои зиёда аз  3.267.935  миллион нусха китоб ва дигар ҳуҷҷатҳост. Аз ин захираи камназир шумораи зиёди олимону нависандагон, зиёиёну намояндагони дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода мебаранд ва талаботи маънавии хешро қонеъ мегардонанд. Мушаххас  аст, ки ҳар давру замон талаботи ба худ назаррасро дорад.

Китобхона ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ - таҳқиқотӣ, ил­мӣ - иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои консти­тут­си­о­нии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд.

Китобхонаи миллӣ имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ғоибхонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ амал мекунад.

Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи маҷмўъи асноди дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гўё, овоздор), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои Интернет) имконоти бештарро дар ихтиёр дошта, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоид муҳайё месозад.  

Китобхонаи миллӣ аз ибтидои фаъолияташ ба гирдоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва дастраснамоии китоб, нашрияҳои даврӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои арзишманд моҳияти илмӣ ва таърихидоштаи адибону муҳаққиқони дохилу хориҷӣ кишвар кўшиш ба харҷ медиҳад. Ҳоло ин ганҷинаи гаронбаҳо, воқеан ба хазинаи беназири боигарии маънавии мардуми  шарафманди миллати тоҷик табдил ёфтааст.

Китобхона дорои зиёда аз  3.267.935  миллион нусха китоб ва дигар ҳуҷҷатҳост. Аз ин захираи камназир шумораи зиёди олимону нависандагон, зиёиёну намояндагони дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода мебаранд ва талаботи маънавии хешро қонеъ мегардонанд. Мушаххас  аст, ки ҳар давру замон талаботи ба худ назаррасро дорад.

Китобхонаи миллӣ маркази илмӣ-методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ буда, тавассути ин амал дар идоранамоӣ ва ба танзимдарории фаъолияти китобдорӣ ширкат меварзад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушду такомули ин соҳа кўмак мекунад.

Соли сипаригардида, тибқи фармони директори Китобхонаи миллӣ як гурўҳ кормандон барои расонидани ёрии амалии методӣ ба ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва водии Рашт, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун  ба сафари хизматӣ сафарбар гардиданд.

Барои расонидани ёрии амалӣ-методӣ ба Китобхонаҳо дастурҳои методӣ ва зиёда аз 1200-нусха китобҳои электронӣ, 1585-нусха китоб аз захираҳои Китобхонаи миллӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳияҳои дар боло зикргардида тўҳфа намудем.

Дар айни замон, бояд таъкид намуд, ки ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳамагуна шаклҳои китобхонаҳо дар мамлакат, аз вазифаи муҳими Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад.

Юлчибой Мӯсоев,
Ҷонишини с
ардори
Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: