Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

 Хонаводаи олими шинохта Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ 638 нусха китоби китобхонаи шахсии ӯро тақдим карданд. Аксари ин китобҳо илмианд ва бештар дар мавзӯъи пажӯҳишҳои олими варзида навишта шудаанд. Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо чандин китоб аз илмҳои дақиқ, геология, экология, минерология ва авторефератҳои зиёде, ки солҳои мухталиф навишта шудаанд, ғанӣ гардид.

Кист Кабут Вазиров?

 Кабут Вазирович Вазиров 15-уми ноябри соли 1938 дар нощияи Ваны дида ба олам кушодааст. Муҳандис- геологи тоҷик, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), дотсент (1981), профессор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1999), узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисӣ (2003).

 Зиндагинома

 Солҳои 1956–1961 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1961– 1962 лаборанти донишгоҳи 

мазкур буд. Солҳои 1962–1998 ҳамчун муаллим, муаллими калон ва дотсент дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев кор кардааст.

 Дар аспирантураи Институти геологияи АИ Тоҷикистон таҳсил намуда, солҳои 1967–1989 ходими калони илмии институти мазкур буд.

Солҳои 1989–1998 ҳамчун дотсенти кафедраи муҳофизати табиат ва геоэкология, 1998–2002 мудири кафедраи географияи табиӣ, 2002–2004 мудири кафедраи муҳофизати табиат ва геоэкологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст.

Аз соли 2004 то ба имрӯз дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

 Муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ ва 3 монография мебошад. Дар асару мақолаҳояш оид ба сангҳои қиматбаҳо ва дигар ҷанбаҳои геологияи тоҷик тадқиқот бурдааст. Ба омӯзиши геология ва маъданҳои сурма, симоб ва тиллои водии Зарафшон машғул аст. Дар конференсияҳои мухталифи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) сарфароз карда шудааст.

 Осор

 Ртутно-сурьмяно-золоторудная формация ЦТ и её промышленное значение. - Д., 1992;

 Минералогия ва петрография бо унсурҳои кристаллография (китоби дарсӣ). - Д., 1998;

Геология ва сарватҳои табиии ноҳияи Ванҷ (китоби дарсӣ). - Д., 2003;

Геология ва палеонтология бо унсурҳои геологияи таърихӣ (китоби дарсӣ). - Д., 2003;

Заминларза ва муҳити зист. - Д., 2003;

Кӯҳистони Зарафшон. - Д., 2009.

Юлчибой Мусоев

Барчаспҳо: