Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраи нави омӯзишӣ бо номи “Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ” оғоз шуд. Ба он кормандоне ҷалб шудаанд, ки дар китобхонаҳо кор мекунанд, вале маълумоти китобдорӣ надоранд.
Дар айни замон 3-нафар китобдорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 7-нафар кормандони Муассисаи давлатии қитобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ин омӯзиш ҷалб шудаанд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода, ки дар расми ифтитоҳи давраи омӯзишӣ ширкат дошт, гуфт, ки китобдорон бояд бештар аз пештар аз комёбиҳои илм истифода кунанд ва имрӯз замонест, ки бо шеваи пешин намешавад китобдорӣ кард. Ва ҳадафи ин гуна давраҳои омӯзишӣ низ қадам ба қадам ошно кардани китобдорон ба комёбиҳои илмӣ дар самти китобдорӣ, истифодаи онҳо аз системаҳои нав ва равишҳои ҷадиди хизматрасонист.
Қарор аст донишомӯзон зарфи даҳ рӯзи оянда мувофиқи барномаи тастиқшудаи МТИ –и 56 соат дарс омӯзанд.
Тибқи барнома шунавандагон аз 01 то 12.10. соли 2018 аз фаъолияти шуъбаҳои Маркази такмили ихтисос, такмили адабиёт, коркарди адабиёт, нигоҳдории китоб, феҳристтгорӣ, хизматрасонии библиографӣ, библиография миллӣ, хизматрасонӣ ба муштариён, автоматикунонӣ раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, матбуоти даврӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, Осорхонаи китоб шинос мешаванд.
Юлчибой Мўсоев,
муовини Маркази такмили ихтисос