Шоҳин чӣ парандаест?

   Дар Тоҷикистон 11-13 ҷуфт шоҳин лона мегузорад. Парандаи муқимист, вале зимистон  аз саргаҳи муҳити зист ва ҷойҳое, ки гунҷишк, лойхўрак, кафтар ва мурғони обӣ бисёранд, поён мефарояд. Ҷуфти шоҳин доимист. Дар як лона чанд сол чўҷа мебарорад. Тухмро шоҳини модина  пахш мекунад. Шоҳини нарина ба он хўрок меорад ва лонаро ҳифз мекунад. Шоҳин аз оғози гузоштани тухми аввал тухмҳоро 28-29 рўз зер мекунад, бинобар ин чўҷаҳо баробар намебароянд. Мурғобиҳои хурд, лойхўрак, кафтар, майна ва парандаҳои дигарро сайд мекунад. 

Шоҳин (Falconiidae) яке аз парандагони нодири соҳибҷамол ба ҳисоб меравад, ки ин парандаро дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ  истифода мебурданд ва сабаби Шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст. Шоҳин дар минтақаҳои биёбонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африкаи Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, доманакўҳҳои қаторкўҳи Ҳисор, нишебиҳои қаторкўхҳои Боботоғ, Оқтоғ, Қаротегин, Ҳазрати шоҳ ва Дарвоз вохӯрдан мумкин. Муҳити хоси сукунати Шоҳин нишебиҳои харсангдор, шахҳо, ҷариҳои гилдори кўҳӣ ба ҳисоб меравад Дар минтақаҳои кўҳӣ Шоҳин  то баландии  1800 м аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Дар фасли зимистон ба води дарёҳо кучиш намуда, баъзан дар атрофии маҳалҳои аҳолинишин маскан мегиранд.  Дар Тоҷикистон Шоҳин парандаи муқимӣ буда, вобаста ба мавсиси сол кўчиш зоҳир менамояд.

   Шоҳин парандаест, ки чуфти доимӣ ташкил мекунад ва барои афзоиш як  лонаро солҳои зиёд истифода мебарад. Афзоиши ин паранда моҳи март оғоз мегардад. Ҷинси модина 4-5 тухм мегузорад. Дар ҷўҷабарорӣ танҳо ҷинси модина иштирок менамояд. Баъд аз 28-29 рўз  аз тухм ҷўҷаҳо мебароянд. Тўъмаи асосии шоҳин кабўтар, мусича, мурғобӣ, майна  ва дигар парандагони андозаашон хурду миёна ва хояндагони мушмонандро ниғо мегиранд. Саршумори умумии шоҳин дар ҳудуди Точикистон аз 11-13 ҷуфт беш нест. Омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори шоҳин ғайриқонунӣ доштани ин паранда ва чўҷаҳои он бо мақсади тиҷорат, ноҳинҷор гардонидани чуфтҳои лонагузор ба ҳисоб мераванд. Шоҳин ҳамчун парандаи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта  ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори ин парандаи нодир бар зидди ғурукшиканӣ мубориза бурда, ғайриқонунӣ доштани онро дар табиат ҷилавгирӣ намудан зарур аст. Ҷойҳои лонагузории шоҳин бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гирад. Шоҳин дар ҷаҳон яке аз парандагони тезпарвоз аст.

   Дар Тоҷикистон 11-13 ҷуфт шоҳин лона мегузорад. Парандаи муқимист, вале зимистон  аз саргаҳи муҳити зист ва ҷойҳое, ки гунҷишк, лойхўрак, кафтар ва мурғони обӣ бисёранд, поён мефарояд. Ҷуфти шоҳин доимист. Дар як лона чанд сол чўҷа мебарорад. Тухмро шоҳини модина  пахш мекунад. Шоҳини нарина ба он хўрок меорад ва лонаро ҳифз мекунад. Шоҳин аз оғози гузоштани тухми аввал тухмҳоро 28-29 рўз зер мекунад, бинобар ин чўҷаҳо баробар намебароянд. Мурғобиҳои хурд, лойхўрак, кафтар, майна ва парандаҳои дигарро сайд мекунад.

ШОҲИНСОНҲО


   Номи умумии 37 гунаи парандаҳои шикорӣ аст, ки дар тамоми олам, ба ҷуз Қутби Ҷануб зиндагӣ мекунанд. Шоҳинҳо чашмони комилан сиёҳ доранд, баданашон лоғар, болҳояшон нӯгтез, тавоноии парвоз бо суръати баланд доранд. Шоҳинҳо дар соли аввали умри худ шаҳпарҳои парвози баландтаре доранд.  Шоҳинҳо дар дарахтон лона мегузоранд, дар сахраҳо ва ҷой-ҷойе дар рӯйи замин (қуши тезпар - сапсан, дербник, боша, чарғ); ҳатто баъзан дар сӯрохиҳо (чарғҳои оддӣ ва даштӣ) лона месозанд. 

   Шоҳиниҳо аз дергоҳ барои одамон аз маҳбубтарин парандаҳои шикорианд ва шоҳинҳои ромшударо одамон барои шикор ба хубӣ истифода мебаранд.
   Шоҳини ҳақиқӣ ин ҳамон қуши тезпар ва ё сапсан аст. Ва он машҳуртарин навъи шоҳинҳост. Ҷисман ба ҳадди калоғ аст. Мӯйлабҳояш онро аз навъҳои дигачеглок ин гуна мӯйлаб дорад, вале он хурдтар аст.  Сапсан қариб ҳамеша паррандаҳои дар ҳоли парвоз бударо шикор мекунад: аз фароштурукҳо то қуҳо. Аз боло сарнишеб парвоз мекунад ва сайдашро бо нохунҳояш мезанад. Ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ худро ба болои сайд ҳаво дода, зери кунҷи 45 дараҷа сапсан ба таври ногаҳонӣ суръати худро то 350 км дар як соат афзоиш медиҳад! «Ҳангоми таъқиби сайд вай ба ҳадде тез парвоз мекунад, ки танҳо садои ҳуштак ба гӯш мерасад ва дида мешавад, ки ким-кадом ҷисми парроне гузашт ва дар ин ҳол имконе нест, ки шоҳинро аз парадаи дигар фарқ кунанд”,- навишта буд Алфред Брэм. Табиат ба шоҳин чашмони тезбин додааст: вай кабӯтарро дар масофаи 8 километр мушоҳида мекунад! Роҳи ягонаи наҷоти паранда дар ин ҳол болотар аз он парвоз кардан аст.

    Кафтарҳо маҳз чунин мекунанд, боло мераванд ва ҷони худро наҷот мебахшанд.  Калонтарини шоҳинҳо кречет қуши кӯчаки аврупоӣ мебошад, ки дар тундраи ҷангалӣ ва наздиқутбӣ зиндагӣ мекунад. Вазни он 2 кило, паҳнии болҳояш то 1,5 метр. Бисёр вақт кречетҳо сайди худро бо зарби  қувва нобуд мекунанд.

    Баъди шоҳинҳои бузургҷусса дар бораи навъҳои паканаи онҳо сухан меронем. Онҳо низ  тезбол ва ҷасуранд. Ҳашаротҳо хӯроки ҳаррӯзаи онҳоянд. Вале бо ҳамла шоҳинҳои хурд парандаҳои хурд,  масалан дурроҷҳоро, ки баъзан дар ҷусса аз худи онҳо калонтаранд, мезананд. Шоҳинҳои пакана хурдтарин паррандаҳои ваҳшӣ дар иоламанд, ки дар рӯйи каф ҷо мегиранд!

   Ҳаёти оилавии шоҳинҳоро зоолог ва нависанда Нико Тинберген бодиққат омӯхтааст. Садҳо соат вай бо камоли таваҷҷуҳ ба шоҳинҳои чеглок нигаристааст.
   Чеглок шабоҳатҳои зиёде ба сапсан дорад, вале андаке хурдтар аз он аст; вай низ дорои “мӯйлабҳои” маълум аст. Он низ ҳамин минвол парандаҳои начандон бузургро ҳангоми парвозашон шикор мекунад, ҳатто паррандаҳои тезпарвозе чун абобилро ҳам сайд мекунад.

   Тибқи қонуне, ки табиат барои парандаҳои ваҳшӣ навиштааст, модар ҳамеша бо фарзандон мемонад ва падар масъулияти ҷустуҷӯ ва овардани ғизову таъминоти умумиро ба уҳда дорад. Вақте вай аз дуриҳои дур ва дуртар аз як километр шавқманди сайдест, садо мебарорад “кю-кю”. Ва тасаввур кунед, ки модина онро мешунавад ва ба истиқболаш ба парвоз меояд. Дар масофаи дусад метр аз лона онҳо вомехӯранд, нарина суръати парвозашро суст мекунад, модина дар ҳаво ба пушт мегардад ва сайдро аз минқори нарина бо худ мегирад. Ба лона меорад ва онро ба ҳиссачаҳои хурд пора карда, ба чӯҷаҳо медиҳад. Ва чун онҳоро ғизо медиҳад ва худ мехӯрад, муддате пинак меравад. Муддати ҳар 77 дақиқа дар лонаи чеглокҳо ғизо омода ва хӯрда мешавад.

   Инак, чӯҷаҳои чашмсиёҳ ба камол расиданд. Акнун он ҳиссаҳои гӯште, ки модар барояшон меорад, кам аст. Мехоҳанд худ сайдро порапора кунанд. Модар ҳам худро аз ин “густохиҳо” дур мегирад ва сайди овардаро миёни онҳо ҳаво медиҳад, бигзор худашон пора кунанд. Баъди як моҳи дигар, қад мекашанд, ба шохчаҳои дарахтон тақсим мешаванд. Охири моҳи август чеглокҳои ҷавон мустақилона худ сӯзанакҳо ва баъдан паррандаҳои хурдро шикор мекунанд. Моҳи сентябр мавсими муҳоҷират фаро мерасад ва бояд ба парвози дурудароз ба самти Африқо омода буд.

   Дар баҳри Миёназамин шоҳини дигар бо номи алет зиндагӣ мекунад. Номи дуюми он “шоҳини Элеонора” мебошад, ки ба шарафи бонуи князи замон Элеонора д’Арбореа, ки охири асри XIV қисмати бештари ҷазираи Сардинияро зери тасарруф дошт, номгузорӣ шудааст. Ин бону дар замони худ қонунҳои башардӯстонае ба тасвиб расонда буд, ки бахше аз онҳо ба ҳимояи табиат ва бахусус парандагону ҳайвонот равона шуда буданд.
   Инак, боз дар бораи чанд оилаи шоҳинҳои кишварҳои дур маълумот медиҳем. Дар қисматҳои тропикии Амрикои Ҷанубӣ шоҳинҳои ҷангалӣ ва ё хандонак (лот. Herpetotheres cachinnans) зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар ҷаҳиш аз шох ба шохи дарахт мисли маймунҳо басо чолоканд. Гоҳ дар ҳоли парвоз ва гоҳ бо хироми босуръат дар замин морҳо, калтакалосҳо ва дигар ҳашараву махлуқотро таъқиб мекунанд. Сари мори заҳрдорро мегазанд ва онро ба лона кашида меоранд. Дар нимторикиҳо, шабонгаҳон ва субҳгоҳон ҷуфти шоҳинҳои ҷангалӣ садо мебароранд: “ха-ха-ха”. Хандаи сахти онҳо роҳравонро метарсонад. Садоҳои шоҳинҳои ҷангалӣ нолишҳои сахту шадиди одами дар ҳоли шиканҷаро ба ёд меорад.

Таҳияи Юлчибой Мусоев

Барчаспҳо: