Ин китоб соли 2013 бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Муаллифи сарсухан С.Шосаидов навиштааст, ки “хусусияти хоси марҳилаи нави рушди афкори илмии китобдории миллӣ ин пеш аз ҳама васеъ гардидани доираи пажўҳишҳо, гуногунрангии ақидаҳо ва падидаҳои илмӣ, инъикоси батадриҷи қиммати назариявӣ ва амалии суннатҳои китобдории халқи тоҷик ва арзёбии мақоми ин суннатҳо дар масири таърихи ташаккулёбии назарияи китобхонашиносии миллӣ ба шумор меравад.
Таҳлили осори илмии китобхонашиносони тоҷик собит менамояд, ки имрўз таҳқиқи афкори кўҳанбунёди китобдории тоҷик дар робитаи зич бо дастовардҳои замони истиқлол ва равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир ҷараён дорад.
Дарки муҳимияти омўзиши суннатҳои китобдории ниёгон, ҷоринамоии беҳтарин унсурҳои он дар фаъолияти имрўзаи китобдорӣ баёнгари тадриҷан аз байн рафтани гусастагиҳои таърихию замонии афкори китобхонашиносии миллӣ, пайвастан ба шеваҳо ва тамоилҳои муосири тамаддуни пешрафтаи китобдории ҷаҳон мебошад.
Мусаллам аст, ки ҷараёни таҳқиқу баррасии масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ аз сатҳи донишу тафаккур, ҷаҳонфаҳмӣ, муносибату ҳисси масъулиятшиносӣ ва ниҳоят мавқеи шаҳрвандии ҳар як муҳаққиқ нисбат ба эҷоди илмӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Туфайли афкору андешаи илмӣ пажўҳишгар бо тарзу равиши хосаи дарки воқеият худро низ ба доираҳои илмӣ муаррифӣ менамояд.
Чоруми маҷмўаи илмии олимони тоҷик зери унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» аз чор фасл – «Китобхонашиносӣ», «Библиографишиносӣ», «Чеҳранигорӣ» ва «Раҳовард» иборат аст.
Дар фасли якум – «Китобхонашиносӣ» мақолаҳо оид ба проблемаҳои илмии типологияи китобхонаҳо ва тамоюлоти тағйирёбии муносибати пажўҳишгарон нисбати омўзиши мавзўъ, мавқеи китобу китобхонаҳо дар аҳди бостон, даврони исломӣ ва салтанати Темуриёни ҳинд, нақшу мақоми китобхонаи давлатӣ – оммавии ба номи А. Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, андешаҳо оид ба осори Имом Фахруддини Розӣ гирд оварда шудаанд. Дар ин фасл инчунин ду мақола ба талаботу қонуниятҳои ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва самтҳои такомули фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ дар шароити иттилоотонии раванди таҳсилот бахшида шудаанд.
Фасли «Библиографишиносӣ»- и маҷмўа фарогири масъалаҳои рушди иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои даврони исломӣ, ривоҷу равнақи иттилооти библиографӣ дар асрҳои XVII то ибтидои асри XX мебошад. Дар фасли мазкур як мақола ба яке аз проблемаҳои муҳими библиографишиносии миллӣ, яъне таърихи фаъолияти библиографишиносӣ дар Помир бахшида шудааст.
Фасли «Чеҳранигорӣ» хонандаро бо азму талошҳо, мавқеъ ва саҳми олимони соҳаи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии миллӣ дар рушду нумўи илми китобдорӣ ва самтҳои таҳқиқоти илмии эшон ошно месозад.
Фасли чаҳоруми маҷмўа ба унвони «Раҳовард» дар радифи таҳкими равобити судманди байналмилалии китобдорӣ андешаи олими китобхонашиноси тоҷикро нисбати зарурияти густариши ҳамкориҳои муфиди гуногунпаҳлўи китобдорӣ иттилоотӣ бо кишварҳои пешрафтаи олам инъикос менамояд.
Ворид намудани мақолаҳои илмӣ бо забони русӣ дар маҷмўа бо муаррифии ҳарчӣ бештари хонандагон бо дастовардҳои илми китобдории тоҷик анҷом дода шудааст.
Ин китобро хонандагони азиз, метавонанд дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд.
Мавзуна Назарова