Аз ҳаёти китобдори асили кишвар

 Марҳум Соҳибназар Ғоибназаров - яке аз поягузорони соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон буда, тўли 55 соли фаолияти кории худ дар муас­си­са­ҳои фарҳангии кишвар, аллалхусус китобхонаҳо,  заҳмат­ҳои зиё­де каши­дааст. Мавсуф нисбати фаъолияти китобхонаҳо ва дигар му­ассисаҳои фарҳангии мамлакат китобу мақо­лаҳои хон­дан­боб ба табъ ра­сон­да, мутахассисону масъулонро аз таҷрибаи пеш­қадаму нора­соиҳои кор огаҳ сохтааст ва барои рушди мин­баъ­даи соҳа мусоидат кардааст.

  Санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолият, асарҳои таълифнамуда ва адабиёт нис­бати ў ба забонҳои тоҷикию русӣ дар китобномаи шарҳиҳолиаш, ки со­ли 2000 ба табъ расидааст, оварда шудааст. Дар маълумотномаи шарҳи­ҳо­лию библиографии «Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ» низ очер­ки мухтасар дар бораи ӯ бо овардани намудаи осор ва адабиёт дар бо­ра­аш, пешкаш карда шудаст, аммо барои китобдорони насли ҷавони имрўзаи Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон роҳи тайкардаи ин марди фидоии соҳаи китобдорӣ аз нигоҳи мо дарси ибрат шуда метавонад.

  Гарчанде камина бо кору фаъолияти ин китобдори асил аз наздик ош­ноӣ доштам, аммо барои дақиқии навиштаҷотам ба духтари ў – Таҳмина Ғо­иб­назарова, ки ҳоло дар Агентии ит­ти­лоотии миллии «Ховар»- и То­ҷи­кис­тон кор мекунад, муроҷиат кардам, ки китобчаи меҳнатии пада­раш­ро барои ошноиям пайдо намояд. Ў хоҳиши маро баҷо овард

  Агар ба давраи хурдсолӣ ва мактабхонии ў назар афканем, пас аён мегардад, ки вай ҳаёти хеле вазнину сахтро дар хонаҳои бача­гони Балҷувон, Кангурт ва Нораки Тоҷикистон гузаронидааст. Бо ҳамин гуна рўзҳои сахт (қашшоқию гуруснагии давраи баъди­ҷан­гӣ) ў тавонистааст, ки бо баҳои аълою хуб хонда, боз дар рафти таҳсил дар шаҳраки Норак (1955-1957)-и ноҳияи Орҷо­ни­кидзеобод (ҳоло ноҳияи Ваҳдат) ҳамчун ки­тоб­дори китобхонаи бачагона кор кунад. Баъд аз хотимаи таҳсил ў ба Омў­зишгоҳи ҷум­ҳуриявии маданӣ – равшаннамоии Тоҷикистон (ҳоло Кол­леҷи фарҳанг) ҳуҷҷат месупорад ва онро бомуваффақият со­ли 1959 хатм мекунад. Чанд муддате (аз 1 октяри соли 1959 то 19 ию­ли соли 1960) ба ҳайси китобдори шўъбаи китобнигаҳдории Ки­тобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Ста­ли­нобод (ҳоло Душанбе) кор мекунад ва сипас таҳсилро дар факул­таи китобдории Институти маданияти шаҳри Москва идома меди­ҳаду онро хеле хуб соли 1963 ба итмом мерасонад. Пас аз хатми Донишкада Соҳибназари ҷавон дар вазифаи нозири Ра­ёсати маданӣ-маърифатӣ, инспексияи китобхонаҳои Вазорати маданияти Ҷумҳурӣ ва баъд ба Китобхонаи давлатии  ҷумҳуриявии То­ҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳо­ло Китобхонаи миллии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон) ба ҳайси мудири шўъбаи методӣ кор мекунаду сипас ба сафи Қуввваҳои Му­саллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ (1964-1965) барои хизмат даъват карда мешавад.  

  Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ў ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба кор ме­ояд ва тайи панҷ сол (1970- 1975) дар вазифаи масъул – сар­дори инспексияи давлатӣ оиди муҳофизати ёдгориҳои фарҳангӣ пур­маҳсул кору фаъолият мекунад. Аз 11 майи соли 1975 ба ва­зи­фаи ҷонишини директории Ки­тоб­хонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фир­давсӣ таин карда меша­вад. Пас аз се сол ўро боз ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ҳайси сардори раёсати муассисаҳои маданию маърифатӣ ба кор меги­ранд. Дар ин вазифаи масъул ў то 3 апрели соли 1987 кору фаъо­ли­ят мекунад. Бо тақазои замони бозсозӣ вайро коллективи Китоб­хонаи давла­тии республикавии ба номи А. Фирдавсӣ ба ҳайси ди­рек­тор интихоб меку­над. Ҳамин тавр ў дар ин вазифа то 5 апрели соли 1998 кор карда, пас аз касалӣ ба нафақа мебарояд ва то поёни умр (2004) сардори кадрҳои ин даргоҳ адои вазифа мекунад. Ин буд чанд сатре аз ҳаёт ва фаъолияти марди наҷиб, дилбохтаи соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ ва китобдори асили кишвари офтобрўяи мо - Соҳибназар Ғоибназаров.      

  Вай дар давраи сарварии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буданаш(1987-1998) ба­рои пешрафти фаъ­о­ли­­яти ин махзани дониш саҳми босазо гузош­тааст.

  Дар ин давра дар Китобхонаи сафи хонандагон ва теъдоди ада­биёти мутолиа­кар­да хеле меафзояд ва барои тарғиби адабиёту баланбардории сатҳи донишу маърифатнокии хонандагон чора­би­ниҳои оммавии лозима ба роҳ монда ме­ша­ванд. 

  Ў  китобдори асил буд, зеро ў касби интихоб­кар­дааш­ро хеле дў­ст медошт ва аз ҳамин ҷиҳат гаштаю баргашта барои дар Ки­тобхона кор кардан розигӣ медод, ё шояд бо мурури замо­на аз ў розигӣ намепурсиданд ва таиноташро зарур меҳисобиданд.

 Соҳибназар Ғоибназаров на барои мансаб, балки барои руш­ди соҳаи китоб­до­рӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонаю китобхонӣ, пи­ё­да­­на­моии хизматрасонии хонандагон кўшиш ме­кард.

 Ҳукумати кишвар хизматҳои ин китобдори маъруфро бо ордени «Дўстӣ» қадр кардааст.

Юлчибой Мӯсоев

 
Барчаспҳо: