Хирмани сухан
Нашр шуд 2020-01-21 14:55
Насри ӯзбек дар давоми сад соли охир на танҳо дар хиттаи Осиёи Миёна ҳамчунин дар миқёси ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар пешрафти он бештар аз чаҳорсад нафар адиб бо осори каму беши худ саҳм гузоштаанд. Дар канори ҳикояҳо даҳҳо қиссаю романҳои ӯзбекӣ ба забонҳои гуногун тарҷума шуда дастраси дӯстдорони адабиёт гардидаанд. Аз ҷумла, хонандаи тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои насрии ӯзбек ошно аст.
Ин китоб бо саъю эҳтимоми адиб ва мутарҷими нозукбин Юнуси Имомназар фароҳам омада, бар замми шарҳи мухтасари зиндагию осори чанд тан нависандаи шинохтаи ӯзбек намунаҳо аз ҳикояҳои онҳоро дарбар мегирад.
Таҳияи чунин як маҷмӯаи осори баргузида бори аввал сурат мегирад ва дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт. Китоби мазкур ба сифати як хрестоматияи адабӣ барои такмили дарсҳои адабиёти донишомӯзон ва ба хонандагони синну соли гуногун пешниҳод шудааст.
Китобро шумо метавонад аз ҳар толори хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳед ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
Мутахассиси Марказ такмили ихтисос