Забони модариро аз ў мебояд омўхт

Агар  Фарҳод Қобилович Зикриёев зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 72 қадам мегузошт. Ҳайфову дареғо, ки ин олими забардаст ва ин забоншиноси маълуф чанд умри тӯлонӣ надид ва дар айни гулшукуфти умр тарки олам кард.

Забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, про­фес­­сор Фарҳод Қобилович Зикриёев 10 октябри соли 1940 дар деҳаи Шай­до­ни ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.

Хонандаи ин сатрҳо маълумоти заруриро нисбати зиндаги­но­маи за­бон­­шинос аз энсиклопедияи «Дониш­го­ҳи слав­янии То­ҷи­кис­то­ну Рос­сия» (2006. – С.99-100) ва якчанд очерку мақолаҳо, ба монан­ди «Омўз­гори нуқтасанҷ»-и С. Ҳоҷиев (// Ҳақиқати Ле­ни­но­бод. – 1987. – 13 май), «Ўро ҳам сурату ҳам сират накўст»-и С. Шербоев (// Са­дои мардум. – 2001. – 15 март), «Бозёфт ва хулосаҳои нав»-и К. Ус­мо­нов (// Адабиёт ва сан­ъат. – 1987. – 8 октябр) ва ғайра пайдо карда ме­тавонад.    

Ў хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷики Институти педа­го­гии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи дав­латии Ху­ҷанд ба номи Б. Ғ. Ғафуров) буд. Пас аз хатми ин До­нишгоҳ ў муд­да­те (солҳои 1961-1979) дар кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи ном­бурда аз лаборант то мудири кафедра ифои вазифа намудааст. Маҳз дар ҳа­мин давра (1970) ў таҳти роҳбарии олими бузурги тоҷик Но­сир­ҷон Маъсумӣ дар Шўрои илмии Университети давлатии Тоҷи­кистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) рисолаи ном­за­­дӣ ва докториро (1987)-ро оиди масоили забоншиносӣ ҳимоя мена­мояд.

Баъдан ў ҳамчун корманди калони илмии Институти забон ва ада­би­ёти ба номи Рўдакӣ (1979-1981) кор мекунад. Бо мурури замон ў боз ба До­­нишкадаи Хўҷанд бармегардад ва ба ҳайси мудири ка­федраи за­бони тоҷикӣ (198-1999) ва декани факултаи филология (1994-1999), му­дири ка­федраи забони тоҷикӣ ва забоншиносии уму­мӣ (1999-2002) ко­ру фаъолият кардааст.

Фаъолияти минбаъдаи Ф. Қ. Зикриёев ду сол (солҳои 2002-2003) бо ил­ми забоншиносӣ зич алоқаманд буда, ўро боз ба даргоҳи Ин­ститути за­бон ва адабиёт мепайвандад. Ў дар ин давра кори илмро бо таълим пай­­­васта, дар ҳамбастагӣ ба донишҷўёни мактабҳои олии пойтахт таъ­лим ме­­дод. Аз соли 2003 то 2004 ба ҳайси профессори кафедраи за­бо­ни тоҷикӣ ба донишҷўёни Донишгоҳи славянии То­ҷикистону Россия таъ­­лим дода, фаъолият мекард ва аз соли 2004 ў профессори кафедра забонои тоҷикӣ, англисӣ ва забоншиносии ти­по­логии ҳамин  Донишгоҳ буд.

Зикриёев дар давраи фаъолияти таълимию илмии худ ба навиш­тани беш аз 150 рисолаю мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва ус­лу­бию таъ­ли­мӣ нисбати масъалаҳои забоншиносӣ («Ҷумлаҳои пай­ра­ви тарзи амал ва монандӣ дар забони адабии ҳо­зи­раи тоҷик», «За­бо­ни адабии ҳо­зи­раи тоҷик, «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик», «Маҷ­мўаи дик­­тантҳо», бо ҳамкории А.Давронов ва дигарон, «Струк­турно – се­ман­­тические особенности таджикского пара­так­си­са» ва ғайра) маш­ғул шу­дааст. Гузоришҳои илмии ў дар маҷмўаҳои алоҳида рўи чоп ома­да­анд. Олими забоншинос Ф. Қ. Зикриёев барои тайёр кардани кадр­ҳои ҷавони соҳаи забоншиносии тоҷик низ заҳ­мат карда аст. Ў то  барои омода ва ҳимояи рисолаҳои ном­задии 25 илмҷў роҳ­барӣ карда, ба дифои унвони номзадию докто­рии 10 олимон оп­по­ненти расмӣ буд.

Фарҳод Қобилович Зикриёев - Аълочии маорифи Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон (1974), Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абўали Си­но дар соҳаи илм ва техника (2002) буд, бо Ифтихорномаи Фахрии Ҷум­ҳурии То­ҷикистон (1997), Грамотаи Фахрии Ҷамъияти Умуми­ит­­ти­фо­қии «До­ниш» (1962) ва чандин Грамотаю Ифтихорномаҳои му­ас­сиса­ҳои илмию таъ­ли­мӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қайд кар­дан ҷоиз аст, ки барои беш­та­ру самаранок истифода наму­дани махзани Ки­тоб­хонаи миллии Ҷум­ҳу­рии То­ҷикистон, дар қатори олимони шинохтаи кишварамон – Соҳиб Табаров, Абдулҳай Маҳма­да­минов, Аъламхон Кўчаров ва дига­рон, аз фаъолтарин хонандагони ин боргоҳи маърифат буд.   Бо кўшиши кормандони Ки­тоб­хона китобномаи шар­ҳи­ҳо­лии ў рўи чоп омад ва ман гумон мекунам, ки он барои дарки роҳи тайкардаи ҳаёту илмаш моро ошно месозаду ба ҷавонони имрўза дарси ибрат мешавад..

Ў на фақат марди фозил, балки инсони дасткушоду саховатманд буд ва пайваста дар ҳамаи идҳо барои ташкили дастурхони идо­наи Китобхонаи миллӣ саҳми муносиби худро гузошт.   

Имрўз ин марди накўкору заҳматкаш ва олими забардасти соҳаи забон дар қатори мо нест, аммо кору пайкор ва асарҳои офаридааш ба мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо хизмат мекунанду аз заҳматҳои кашидааш моро огаҳ менамоянд, ки мо низ мисли ў ба халқи худ хизмат карда тавонем. Хотираи неки ў дар дили мо солҳои да­роз боқӣ хоҳад монд.  

Юлчибой Мусоев

Барчаспҳо: