Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони китобхонаҳо

Дар Маркази такмили ихтисос дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 148 нафар шунавандагон ба курсҳои сайёри кўтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ» ва «Лоиҳасозӣ» ҷалб шудаанд.

Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони Китобхонаҳо яке аз масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи дониши касбии онҳо буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсили китобдорон нақши муайянкунандаро мебозад. 

Қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (с. 2003), «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (с. 1990), «Дар бораи нусхаи хатмии ҳуҷҷатҳо» (с. 2011), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015, 2015-2020», «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ҳамчун омили ҳуқуқиву иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд. Маҷмуи тадбирҳо вобаста ба рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи китобдорӣ бояд муносибатҳои нави ҷавобгу ба талаботи замони муосирро ба роҳ монд.

Ин ҳуҷҷатҳо инъикоскунандаи вазъи муосири системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи китобдорӣ буда, самтҳои асосии рушди системаи такмили ихтисосро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам, дастовардҳо, ҳамчунин эҳтиёч ва талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди иҷтимоию иқтисоди вобастаанд, муайян сохт.

Яке аз самтҳои фаъолияти Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисоси китобдорон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Масъулини Марказ бо маъмурияти Китобхонаҳои давлатӣ-оммавии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии китобдорон алоқаи зич доранд.

Маркази такмили ихтисос ҷараёни доимии сайкал додани маҳорати касбии китобдоронро бо роҳи худомӯзӣ, иштирок дар конфронсу семинарҳои омўзишӣ, омўхтани таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷиро муайян мекунад.

Бозомўзии касбии кормандони ғайрикасбии соҳаи китобдорӣ бо мақсади ба тахассуси нав мутобиқ гардонидани кормандони соҳаи китобдорӣ ташкил карда мешавад.

Дар Маркази такмили ихтисос дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 148 нафар шунавандагон ба курсҳои сайёри кўтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ» ва «Лоиҳасозӣ» ҷалб шудаанд.

 Тартиби гузариши кормандони китобхонаҳо аз курсҳои такмили ихтисос дар 5 сол як маротиба муқаррар шудааст. Дар давраи аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳа музди меҳнат ва ҷойи кори онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Аз руйи натиҷаи санҷиш ба хатмкунандагон баробари такмили донишҳои соҳавии худ Сертификати махсус тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи давлатӣ дода мешаванд.

Дар фонди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 338 нусха китобу маҷаллаҳои тахассусӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ - библиографӣ созмон дода шудааст, ки донишҷўён, унвонҷўён, аспирантҳо, омўзгорон, мутахассисон ва ашхосе, ки ба соҳаи китобдорӣ шавқу рағбат доранд метавонанд истифода баранд.

Максади такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони соҳаи китобдорӣ, ташкили такмили ихтисос ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ, татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳа, ки ба такмили доимии касби худ кўшиш мекунанд, иборат мебошад. Аз ин рў барои пешбурди кори Маркази такмили ихтисос чанд пешниҳод дорем:

– ба талаботи замони муосир мутобик сохтани мазмун ва мундариҷаи  курсҳои такмили ихтисос;

– ҷорӣ намудани низоми идоракунии автоматикунонидашуда ва нуқтаҳои электронии иттилоотӣ;

– мукаммал намудани пояи моддию техникӣ, иттилоотӣ, таълимию методӣ ва кадрӣ дар низоми омўзишии курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ;

– ҷорӣ намудани барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи китобдорӣ;

– тадриҷан гузаштан ба шакли фосилавии такмили ихтисос;

- ташкил ва ҷиҳозонидани утоқҳои таълимии такмили ихтисос;

- тайёр кардани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар барои Маркази такмили ихтисос;

- андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пурра ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони ғайри соҳа;

- ҷалби ҳатмии китобдорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ;

- ташкил ва гузаронидани курсҳои доимоамалкунанда барои китобдорон ҷиҳати омӯзонидани усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотӣ;

- таҳияи барномаҳо, ташкили курсҳои бозомўзӣ ва ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар курсҳои такмили ихтисос;

- ташкили китобхонаҳои электронӣ ва ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ бо маводи таълимӣ, методӣ ва илмӣ дар Маркази такмили ихтисос;

- доир намудани озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадам, семинарҳои омўзишӣ, конференсияҳои илмию амалӣ ва симпозиумҳо.

Маҳмадшариф Каримов,
к
орманди Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: