Ошноӣ бо китоб. Сафар Сулаймонӣ: Китобшиносии насри навини форсии тоҷикӣ ( 1927-2007)

Ин китоб соли 2007 чоп шудааст ва яке аз муҳимтарин сарчашмаҳо дар  китобшиносии тоҷик аст. Китобшиносии мазкур насри бадеии форси тоҷикиро  аз соли аввали чопи китобу мақолот пас аз Инқилоби Октябр то  соли 2007 дар бар мегирад. Манзур аз насри бадеӣ  роману повест, очерку ва ҳикояҳо мебошад.

Дар пешгуфтор мехонем:  Кулли маводи ба забони тоҷикӣ чопшуда бори нахуст дар  ин китобшиносии вижаи насри бадеӣ ворид гардида, мавриди таҳқиқи (de visu) мураттиб қарор гирифтаанд.

Унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл, тибқи стандарти нави пазируфта  тасвир шудааст. Мазмуну мўҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври  фишурда арзёбӣ шудаанд. Асарҳое, ки таввассути ановини онон дарки мазмуни нашр душвор аст, бо тавсифҳои иттилоъотӣ комил гардидаанд.

Маводи қисмҳо ва зерқисмҳои китобшиносӣ тибқи замони чопи асарҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо шудаанд.

Барои рафъи душвориҳо дар поёни китобнома кўмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо, номгўи китобҳо бо таваҷҷўҳ ба жанри онҳо пешниҳод шудаанд.

Китобнома дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ, Хонаи китоби Тоҷикистон, дастурҳои библиографӣ, феҳристгонҳои муассисоти марбута, фурўшгоҳҳои китоб ва бойгониҳои муаллифон мураттаб гардидааст.

Мутаассифона парокандагӣ, мушкилии дастрас ба китобу мақолоти чопӣ, хуб фаъолият надоштани китобхонаҳо ва марокизи иттилооти кишвар, камбуди китобшиносиҳои адабию бадеӣ, бетаваҷҷўҳии худи нависандагон ба чопи осорашон каме кори китобшиносиро душвор  кард.

Ба ҳар ҳол Китобшиносӣ симои насри бадеии форсии  тоҷикиро равшан намуда, ба муҳаққиқону мутахассисон ва донишҷўёну донишомўзони ин ришта кўмак хоҳад кард.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. 

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова

Барчаспҳо: