Китоби нав. Сафар Айюбзодаи Маҳзун. Таронаборон

“Таронаборон” китоби нави ашъори шоири маъруфи мо Сафар Айюбзодаи Маҳзун аст, ки чанде пештарак чоп шудааст.  Тавре аз номаш пайдост, он маҷмуаи  мунтахаби таронаҳо адиби шинохтаро дар бар гирифтааст. Муҳаррири китоб Сафарбек Нурзода дар як сарсухани мухтасар дар бораи таронаҳои Маҳзун изҳори назар кардааст, ки онро дар зер мехонед.

***   ***   ***

 Тарона жанри боназокати адабист, ки асосан, шоирон барои оҳангсозону сарояндагон эҷод мекунад. Офаридани тарона ба ҳар эҷодкор муяассар намегардад. Яъне, агар эҷоди ин гунаи назмро ба ибораи ниёгони бузургамон «саҳли мумтанеъ» бигўем, хато нахоҳем кард. Он аз шоир истеъдоди фавқулодда, дарки баланди мусиқифаҳмӣ ва арўздонӣ талаб мекунад. Баъдан, оҳангсозони мо ба шеърҳои ҷиддии шоирон ба зўракӣ оҳанг мебанданд, он сурудҳо ҳеҷ гоҳ дилнишину форам садо намедиҳанд. Сурудҳое ҳастанд, ки аз ғазал ва порчаҳои таронамонанди маснавиҳо сохта шуда, якнавохт суруда мешаванд. Дар чунин сурудаҳо овозхонон ҷаҳд мекунанд, ки бо овози форам ва равшану фаҳмо мазмуни таронаро ба шунаванда ва тамошобин расонанд. Дар миёни мардум ин қабил овозхононро «гўянда» меноманд. Гўрғулӣ ва достонсароён аз зумраи чунин ҳунармандонанд.         

 Сурудҳои лирикӣ ва завқбарангезро бештар дар тўйу сур ва ҷашнҳо месароянд. Ин навъи  сурудҳо аз офарандаи матни тарона донишу маҳорат ва истеъдоди хосса талаб доранд. Оҳанги чунин сурудҳо дорои чанд мақому гардиш буда, шоир бояд мувофиқ ба ҳар гардиши оҳанг дар чанд вазни шеърӣ таронаи мавзун бигўяд. Дар бисёр ҳолат, барои ҷаззоб баромадани суруд, фаҳмидани ҳиҷоҳои дарозу кўтоҳ, якунимҳиҷогӣ ба адвор (нота) мувофиқ кунонидани авзони матн оҳангсозон ба ҳамкорӣ бо шоирон ниёз пайдо мекунанд. Оҳангсозе, ки аз илми арўз огоҳӣ дорад, дар муваффақу бенуқсон эҷод намудани суруд душворӣ намекашанд. Вале, мутаассифона, бисёр сурудҳое пайдо мешавад, ки дар онҳо низоми оҳангу матн риоя намешавад. Офарандагони чунин оҳангҳо ба дарозию кўтоҳии ҳиҷоҳои матни тарона эътибор намедиҳанд. Ин ҷо гап дар бораи сурудҳое меравад, ки каму беш эътироф шудаанд, вагарна, кам нестанд сурудҳои гўшхарошу бемантиқ, ки мутаассифона, ба хазинаҳои радио ва телевизион ҳам роҳ ёфтаанд.    

Ҳангоми ҳамкории эҷодӣ доштани оҳангсозу шоир, баъзан, сурудҳои дилнишине пайдо мешаванд, ки дар онҳо пурра риоя нашудани рукнҳои анъанавии вазни арўз ва бо авзони (вазнҳои) ҳиҷоӣ эҷод гардидани матни тарона мушоҳида шавад ҳам, низоми оҳанг халал намеёбад, балки дар мавридҳои алоҳида тарона ба гўишҳои мардумӣ наздик ва ҷаззобияташ бештар мегардад.

Таронаҳои Сафар Айюбзодаи Маҳзун бо риояи таносуби мантиқ, оҳангнокӣ, назокату нафосаташон бартарӣ доранд. Тўли солҳои зиёд ҳамкорӣ доштани оҳангсозони зиндаёд Шарофиддин Сайфиддинов, Абдулфаттоҳ Одинаев, Хайруллоҳи Абдуллоҳ, Карим Халим, Шўҳрат Ашўров ва оҳангсозони имрўза Амирбеки Мўсо, Қудратулло Яҳёев, Қудратулло Ҳикматов, Шариф Бедаков, Сангалӣ Ҳомидов, Шералӣ Қосимов, инчунин ҳунармандони шинохта Давлатманди Хол, Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷумъахони  Сафар, Тобиш Ҳилолӣ, Зикри Оллоҳ, Фахриддини Малик, Иззат Шарифӣ ва дигарон бо ин шоир далели муътамади ин гуфта аст.

Дил мехоҳад, дар бораи махсусияти, ҷиҳатҳои фарқкунанда ва бартарӣ  доштани таронаҳои дилошўби Маҳзун ба таври муфассал сухан ронед. Вале, гумон мекунам, китоби «Таронаборон» метавонад ин масъулиятро аз дўши мо сабук гардонда, ба аҳли фаҳму завқ собит созад, ки ў аз зумраи беҳтарин шоирони таронасарои мост!   

                                                                                     Сафарбек Нурзода

Таҳияи Мавзуна Назарова, 

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: