Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” давраи омӯзишии мутахассисони навомўз аз рўйи барномаи “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” ҷамбаст гардид. Натиҷа аз ин курси омўзишӣ таълими асосҳои дониши касбӣ, барои шунавандагон муносибгардонии раванди омўзиши хусусиятҳои фаъолияти китобхона ва шаклу усулҳои муосири кор бо истифодабарандагон матраҳ гардид.
Маросими супоридани шаҳодатнома бо иштирок ва суханронии Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Фазализода ва мовини директор Гадобек Маҳмудов сурат гирифт.
Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ дар м аросими эътои шаҳодатномаҳои хатм ширкаткунандагонро ба муносибати хатми бомуваффақияташон табрик намуд ва иброз дошт, ки дар муассиса барои гузаронидани ҳама гуна курсҳои тахасусӣ доир ба фаъолияти китобдорӣ шароит фароҳам оварда шудааст ва барои баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ аз мутахассисон то сардорони шуъба зина ба зина ба бозомўзӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ин давраи омӯзишӣ устодон ва таҷрибадорони соҳаи китобдорӣ барномаи дарсиро бо усулҳои мусоир аз рўйи мавзуҳои «Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо», «Китобхонаи муосир: сунатҳо ва навгониҳо» ва дар қисмати тахассуси бошад «Назария ва амалияи фаъолияти китобхона», «Ташаккули фонди китобхона», «Сохтор ва ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-ҷустуҷўйи китобхона», «Хизматрасонии маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва иттилоотӣ», «Фаъолияти фарҳангӣ фароғатӣ дар китобхона», «IT-технологияҳо дар китобхонаи муосир» ба роҳ монда, ҷиҳати аз худ намудани шунавандагон бо донишҳои назариявӣ ва малакаи амалии ташкили хизматрасонӣ дар китобхона, омўзиши равандҳои асосии технологии китобдорӣ, таъмини рушди касбии китобдорон дар заминаи технологияҳои китобдорӣ-иттилоотӣ вобаста ба талаботи нави касби китобдорӣ дарс гузаштанд.
Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдорони имрўза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда, заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ намоянд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбанд, воридшавии технологияи муосир, пайдо шудани барандаҳои нави иттилоотӣ омилҳои муҳими он ба ҳисоб мераванд.
Курсҳои омўзишие, ки ба воситаи Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» роҳандозӣ мегардад, имкон фароҳам меорад, ки мутахассисони навомўз ба масъалаҳои боло зикршуда ошноӣ пайдо намуда, барои пешрафти фаъолияти Китобхона ва сифатан баланд бардоштани талаботи хизматрасонӣ саҳми худро гузоранд.
Исмоил Саидзода,
мутахассиси пешбари маркази
такмили ихтисос.