Китоби нав. Шаҳбози Рустамшо. “Номномаи «Таърихи Систон»

Дастури мазкур фарогири номвожаҳои хоси « Таърихи Систон» буда, ҷиҳати таҳия намудани  луғатномаҳо ва барои тадқиқи паҳлуҳои гуногуни маводи ономастикӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, барои мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар таҳия намудани фарҳангҳои дузабона, этимологӣ, имлоӣ ва орфоэпӣ кўмак карда  метавонад. Дар дастур ҳамчунин тавсифи вижагиҳои таърихӣ – ҷуғрофӣ ва этнографии « Таърихи Систон» бо мақсади беҳтар тасвиру тавсиф намудани ин ёдгории хаттии давраи классикӣ ҷой дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин дастур тамоми номвожаҳои « Таърихи Систон» - ро дар бар гирифта , номҳо бо хатти кириллӣ, транскрипсияи лотиниасоси илмӣ ва форсӣ низ нишон дода шудааст.   

Муаллиф дар пешгуфтор ба китоб менависад:

Забон бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигоҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳифзи асолати миллӣ, мерос гузоштани ҳуввияти миллӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Забон ояндаи тамсилнамоии шуури иҷтимоӣ ва рангу бўи арзишҳои миллии ҳар қавму миллат аст.

Омўзиш ва тадқиқи номшиносӣ ҳамчун як бахши забоншиносӣ мавзўи баҳси худро дорад. Номҳо дар баробари вижагиҳои нигоҳдории фарҳанги миллӣ, ростӣ, поктанӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.

Дастури мазкур асосан фарогири маводи ономастикии (ономастикони) « Таърихи Систон» мебошад. Тартиб ва сохтори маводи ономастикии асар бо хатти кириллӣ, транскрипсияи лотиниасоси илмӣ ва форсӣ таҳия гардидааст. Ҳар як бахши ономастика бо истилоҳи илмӣ нишон дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дастури мазкур барои тартиб додани фарҳангҳои гуногуни ономастикӣ, аз ҷумла луғатҳои дузабона, этимологӣ, имлоӣ ва орфоэпӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, барои муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ ва ироншиносӣ, ки ба корҳои илмӣ – тадқиқотии ономастикӣ машғуланд, кумак карда метавонад.

Пас аз мутолиаи дастури мазкур маълум мегардад, ки номгузорӣ дар заминаи меъёриҳои таърихии номгузории тоҷикӣ – арабӣ, ки яке аз арзишҳои  маънавии миллии мо ба ҳисоб меравад, аз гузаштаи дури таърихи забонамон сарчашма мегирад, нишон дода шудааст...

Маврид ба ёдоварист, ки  «Таърихи Систон» ҳамчун  сарчашмаи таърихии асри ХI ба шумор рафта, дар байни солҳои 1054 – 1325 ба забони форсӣ – тоҷикӣ навишта шудааст. Муаллифи асар номаълум буда, аз рўи услуби таҳияи асар маълум мешавад, ки «Таърихи Систон» аз ҷониби як нафар таҳия нашудааст, балки аз ҷониби ду ва ё се нафар бо навбат навишта шудааст, зеро забони қисми аввали асар аз қисматҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунад.

Ва таъкиди дигар: Китоби “Таърихи Систон” аз силсилаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” соли 2014 дар таҳияи матн ва муқаддимаву тавзеҳоти Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттор аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба чоп расида буд ва шумо бо м атни комили он ин ҷо метавонед ошно шавед: ТАЪРИХИ СИСТОН

 Мавзуна Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос      

Барчаспҳо: