Таҷассуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар ашъори адибон

Мавриди зикр аст, ки ба мавзўи сулҳу ваҳдат аз сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ сар карда, то устод Садриддин Айнӣ адибон шеърҳои ҷолиб офаридаанд, ки пиру барнои ҷумҳурӣ то ҳанўз аз онҳо баҳра мебардоранд.

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт...

Ангушт макун ранҷа ба дар кўфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба даркўфтанат мушт.

Абўабдуллоҳ Рўдакӣ

Ин давлати пуршавкату ин миллати озод

Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

С.Айнӣ

Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,

Шахси бедўст шохи бебарг аст.

Дўстӣ баҳри мард тазйин аст,

Намаки оши зиндагӣ ин аст.

Абулқосим Лоҳутӣ

То тавонӣ, дўстонро гум макун,

Дўстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст,

Мушкилосонкун касонро гум макун.

Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Халқи олам дўст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Мирзо Турсунзода

Ту Ваҳдат аз дили бекина омўз,

Намуди ростӣ з-ойина омўз.

Муъмин Қаноат

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор

Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?

Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,

Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?...

Бар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям

Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Ашўр Сафар

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Ҳоли зору низори мо бигзашт,

Вақти ҷуду нисори мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад!

Лоиқ Шералӣ

Ҳарфи ваҳдат беш гуфтем, ай Худо,

Қоли моро васл кун бо ҳоли мо.

Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,

Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,

Зўри бозуи замон дар ваҳдат аст.

Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате,

Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.

Гурез Сафар

Сулҳ омад бар Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун,

Решакан шуд Аҳриман, эй тифли тоҷик, ханда кун.

Чеҳраи тифлонаву мастури ту болида бод,

Шуд зи нав эҳё Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун.

Шаҳрияи Адҳамзод

Достони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат.

Низом Қосим

Маркази такмили ихтисос

 
Барчаспҳо: