Хатмкунандагони давраи омӯзишӣ соҳиби Шаҳодатнома шуданд

Панҷ нафар кормандони китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ду нафар кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми давраи омӯзишии даҳрӯзаи “Фаъолияти китобдорӣ” соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки аз таърих ва сохтори Китобхона, дастгоҳи маълумотдиҳандаи китоб ва тавлиди он, тарзи интихоби китоб ва иттилоот маълумот ба даст оранд ва аз таҷрибаи онҳо баҳрабардорӣ намоянд.
Ҳамзамон дар бахши дигар оиди истифодаи дастурҳои методӣ, библиографӣ дар пажуҳиш ва интихоби адабиёт, иттилоот, таҳияи рўйхати адабиёт, унсурҳо ва аломатҳои тасвир, таҳияи шарҳ ва мухтасари мазмуни китоб ё иттилоот, ташкили хазинаи китобхона, манбаъ ва сарчашмаҳои иттилоотии  ҷудогона дар китобхона ва вазифаҳои он, созмон додани  марказҳо ва хазинаҳои электронӣ дар китобхона, технологияҳои ииттилоот, асосҳои коргузорӣ дар  китобхона, ташкаккули фарҳанги иттилооти  китобдорон,   этикаи касбӣ ва вазифаҳои он, шеваҳои хизматрасонӣ, уҳдадориҳои китобдорӣ, идораи фаъолияти  китобдорӣ низ маълумоти пурра ва саҳеҳ ба даст оварданд.
Дар ҷамъбасти давраи омӯзишӣ бо иштироки муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов шунавандагон бо Шаҳодатномаи тахассусии Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҷ.Қурбонов,
Сармутахассиси Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: