Ману ту зи ҷурми қисмат ба ҷафои ҳам расидем...
Нашр шуд 2018-08-11 12:03
Баъди муаррифии китоби нави ашъори шоираи ҷавон, адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ Саидаи Зайдулло хонандагони дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостанд намунаҳое аз ин китоб орем. Интихобан чанд шеър аз охирин маҷмуаи ашъори шоираи ҷавон “Меҳроби ғазал” тақдиматон мешавад. Умедворем мавриди писанди хонандагони азиз қарор хоҳад гирифт.
Дар ин дунё туро дорам
Дар ин дунё, туро модар, чу ганҷе аз Худо дорам,
Туву меҳри нигоҳатро ба шомам чун зиё дорам.
Набошад гар сахои ту, сафои рўзгорам ку?
Ба дарди қалби маҷруҳам туро танҳо даво дорам.
Ту, ай дардошно ман, ту ай рамзи вафодорӣ,
Марав охир, ки бе руят фаровон ғуссаҳо дорам.
Зи меҳри поку ишқи пок ато бинмудиам ҳастӣ,
Дар ин дунёи навмедӣ ду дасти бар дуо дорам
Илоҳо, то ҷаҳон бошад дили покат ҷавон монад,
Зи мероси ту, ай модар , каломи бебаҳо дорам .
Қалбам ба фарёд омадааст
Дар ҷаҳони ишқи ту қалбам ба фарёд омадаст,
Бас ки чун дурем мо, дардам ба бунёд омадаст.
Умри мо саршори дарду дарди мо беинтиҳо ,
Нолаи ҷонсўзи дил аз кўйи имдод омадаст.
Умри ман мебигзарад бо рафтанат, ай бевафо ,
Бо навои қисматам ин шева ношод омадаст.
Гоҳ гўям бас дигар дар мулки ишқат дилбарӣ ,
Бас дигар, к-эй, бевафо , ин дида бар дод омадаст.
Омада бо як назар аз кўйи мо бигзашту рафт,
Дар баҳори боғи дил гўйи, ки чун бод омадааст.
Аз Саида ҷуз анову интизориро маҷў,
К-ин ҳама сўзу алам танҳо маро ёд омадаст.
Ману ту
Ману ту чу обу оташ на барои ҳам расидем ,
Ману ту зи ҷурми қисмат ба ҷафои ҳам расидем.
Ману ту ҷудо зи гардун ба фанои олами дил,
Зи камоли зиндагонӣ ба қазои ҳам расидем.
На туро давои дарде , на маро баҳои гарде,
Бигў аз чӣ аз раҳи дил ба хатои ҳам расидем ?
Раҳи мо ба умқи фардо, кӣ кушояд ин муаммо?
Ману ин вуҷуди хаста ба чарои ҳам расидем .
Ба Худо дар ин фасона чу ғуломи як баҳона ,
Ману ту дар ин замона зи Худои ҳам расидем.
Дил ба раҳи хаёли ту
Дил ба раҳи хаёли ту хаставу сарнагун шуда ,
Бе ту басе маҳоли ман шоҳиди озмун шуда.
Боз кун аз дилат дигар пардаи кибру ғурур ,
К-оқибат ин сарои ғам мотами дар фусун шуда .
Ноз намекашам дигар , бурда ту нози ман зи сар,
Оҳи киро ҳамебарӣ дар дили шаб ҷунун шуда?
Қосиди марг то даме дар нафасе, ки мерасад
Бехабар аз бақои худ мегузарӣ забун шуда.
Боз расидам аз алам бар дарат, эй дуни ситам,
То раҳи домани вафо менишинам ба хун шуда .
Фасонаи нигоҳи ту
Басе баланду боғурур фасонаи нигоҳи ту,
Ниёзи хаста мекашам ба хонаи нигоҳи ту.
Намебарад калиди шаб диле ба зориву тараб,
Ҳамекушоям аз алам замонаи нигоҳи ту.
Туро ба қасди як хато бубин чӣ мекунад қазо,
Ба зулфи печ мешавам баҳонаи нигоҳи ту.
Қасоси бастагони раҳ наёваридам аз фараҳ,
Намебарам ба дўши дил нишонаи нигоҳи ту.
Ман он пур аз таронаам ту мекушо фасонаам,
Куҷо равам зи қасди он камонаи нигоҳи ту?
Надорад ин алам адо, ҳамекашад ғами хато,
Ба дарки ҷовидон кашам таронаи нигоҳи ту.