Китоб ва китобат дар Эрони бостон
Нашр шуд 2021-01-27 10:31
Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу муътабари худ «Ал-феҳрист» ба нақл аз Ибни Мукаффаъ ба унвони гуногуни хутуте, ки дар байни эрониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шохдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст.
Ин сухани Ибни Надим шояд ба эътибори адами шиносоии масодиқ ранге аз иғроқ ба худ бигирад, аммо бетардид аз аҳамияти хираду дониш назди эрониён ҳикоят мекунад.
Хираду дониш пайваста дар Эрони бостон дорои аҳамияте босазо будааст. Яшти шонздаҳум мавсум ба «Дини Яшт» саросар ба эзиди илму дониш, яъне «чисто» таъаллуқ дорад. Вожаи «дин», ки гунои таҳаввулёфтаи вожаи авестоии daena мебошад аз решаи da (y) ба маънии «басират доштан ва шинохти дарунӣ» омада аст. Дар мутуни бозмонда аз форсии миёна – ба маънои омоли Ҳалима – низ ҷой – ҷой бо иборате, ки ба навъе бар аҳамияти хираду донишандўзи таъкид доранд, бархурд мекунем.
Дар матни паҳлавии «Шукуфтӣ ва арзишмандии Систон» банди 9 ва 10 омадааст, ки:
9. – Яке ин ки Гуштопшоҳ динро ба дарёи фарзандон равои бахшид;
10. – Нахуст ба Систон ва сипос ба дигар мамолик ба ёрии хампарсагии Зардушт ва сини Аҳумастудони Бустӣ, ки аз шогирдони Зардушт нахустин (кас) ба доштани як сад шогирди ў буд».
Пас, аз ин муқаддимаи бисёр кутоҳ дармеёбем, ки бетардид хираду дониш дар байни эрониён низ хамонанди бархе дигар аз ақвоми бостонӣ пайваста мавриди эҳтиром, таваҷҷуҳ ва гаройиш будааст.
Аммо нуқтаи муҳим ва қобили зикр ин ки агар барои хирад ва дониш ду ваҷҳи баён, яъне мактуб ва ривойӣ қоил шавем, бояд бигўем, ки ба истиноди аснод, мадорик ва манобеъи муътабари бисёре суннати ғолиб дар Эрони бостон ба дониши ривойӣ гароиш дошта аст. Ба иборати дигар, дар Эрони бостон суннати китобат ба маънои хосси калима ва такя бар илму дониши мактуб ва дар натиҷаи ишоъаву ривоҷи он гуна, ки бояд шакл нагирифта, дар воқеъ ин ваҷҳ аз дониш ҷои худро ба дониши ривойи ё илмӣ ба сина додааст.
Албатта, баёни ин матлаб ба он маъно нест, ки фарҳанги Эрони бостон ба куллӣ бо китобат бегона будааст, ки ин бардоштаест комилан ғалат ва муъаййиди даҳҳо ҷилд кутубу рисолоти баҷоймонда дар даст ва садҳо ном дар манобеъу маъохизи муътабар.
Дар «Ал-феҳрист», «Китоб-ут-тоҷ», «Кашф-уз-зунун» ва манобеъи дигар ба осори бисёре аз Эрони бостон ишора шуда, ки як ҷилд аз онҳо низ ба дасти мо нарасидааст. Бузургтарин асари ҳамосии Эрон, яъне «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар паҳнои адаби порсӣ чун Таҳамтан қад барафроштааст, ба худойномаҳо ва осоре устувор аст, ки ҳатто порае аз яке аз онҳо низ имрўз дар даст нест. Дар матни паҳлавии «Шаҳрҳои Эрон» банди 4 – 5 омадааст:
«Пас Зардушт аз фармони Гуштоспшоҳ дин овард (ва онро бар ҳазору дувист фаргард бадин дабира бар сафаҳоти зарин хонду навишт ва ганҷи он оташ (гоҳ) ниҳод. Ва Гуҷаста Искандар (онро) сухту ба дарё афканд»
Бисёре аз кутуб ва манобеи пас аз исломи Эрон дорои матнҳои паҳлавӣ ё портӣ буда ва сипас ба забони арабӣ тарҷума шудаанд, ки аз байн муҳимтарини онҳо метавон ба «Калилаву Димна», «Вис ва Ромин», «Ҳазор афсона», «Синбоднома» ва «Тутинома» ишора намуд...
Ин порча аз мақолаи доктор Саъиди Урён, донишманди эронӣ бо номи “Китоб ва китобат дар Эрони бостон” иқтибос шуд, ки ба маҷмӯаи “Китоб ва китобдорӣ дар фарҳанги мардуми Эрони бостонӣ” чоп шудааст. Маҷмўаи илмӣ ба таҳқиқи ташаккулу равнақи тамаддуни китобдории мардумони эронинажод бахшида шудааст. Ҷои шубҳа нест, ки кори китобдорӣ, минҷумла афкори китобхонашиносии мардумони эронинажод ба заминаи ташаккули кори китобхонаҳо кўмак мерасонад. Аз ин хотир дар маҷмўа мақолоти муштараки уламои Эрону Тоҷикистон пиромуни китоб ва китобдорӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Маҷмўа барои мутахассисони фарҳангу тамаддун, китобдорон ва муҳаққиқону пажуҳишгарони риштаи китобдорӣ нигошта шудааст.
Шумо ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос.